- Дар шимоли Афғонистон дар натиҷаи заминларзаи қавӣ бо магнитудаи 6,5 ҳадди ақал ҳафт нафар фавтида, тақрибан 150 нафар захмӣ шудаанд,- хабар медиҳад Reuters.
Гуфта мешавад, ки маркази заминларза дар наздикии шаҳри Мазори Шариф воқеъ буда, умқи он тақрибан 28 километрро ташкил додааст. Ба гуфтаи намояндаи волии вилояти Балх, бисёре аз биноҳо пурра фурӯ рехтаанд ва эҳтимол аст, ки шумораи қурбониён бештар гардад.
Заминларза, ки имшаб соати 1:29 бо вақти Душанбе сабт шуд, ҳамчунин дар Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон эҳсос шудааст. Дар бораи харобӣ ва осебдидагон дар ин кишварҳо маълумоте дастрас нест.