goodwell
Барномаи мобилиии “Шаҳрванди фаъол” муроҷиати шаҳрвандонро ба ба шаҳрдорӣ мерасонад
06.08.2026
Оила
74

 

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе шуруъ аз имрӯз, 6-уми август барномаи мобилии “Шаҳрванди фаъол” ба фаъолият оғоз кард. Сокинони пойтахт метавонанд муроҷиат ва пешниҳоди худро тариқи ин барномаи мобилӣ ба Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристанд.
Тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ барномаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Тариқи ин барнома сокинон метавонанд дархост ва пешниҳоди худро бо зикри суроға, макони ҷуғрофӣ ва аксҳои он фиристанд.
Барномаи мобилии “Шаҳрванди фаъол”-ро аз “App Store” ва “Google Play” ба таври ройгон боргирӣ кардан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД