arzon replenishment
Барои хушдоманам “ҷӯгӣ” будам (ҚИСМИ 3)
1377

Овози виҷдон

Писари калониям як ҳамсабақашро, ки аз тоҷикони муқими Олмон буд, дўст дошту онҳо хонадор шуданд, тўйро аввал дар Олмон ва баъд дар Тоҷикистон гузаронидем. Онҳо ду моҳ бо ман монда рафтанд, писари дувумам ҳоло хонадор шуданӣ нест, зеро дўстдухтараш нав дар курси аввал мехонад, ў мегўяд, ки баъди тўй ба Тоҷикистон меояду дар ҳамин ҷо сехи қаннодӣ месозад. Ман танҳо баҳору тобистон дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунам, ҳамроҳам духтарони дугоники хоҳарам Фотима ва Зўҳро ҳастанд, ки дар Донишгоҳи тиббӣ мехонанд. Як моҳ пеш, рӯзе дар хона аз тамашк мураббо мепухтам, ки Зўҳро хабар овард, ки шуморо як зан мепурсад. Вақте ба назди дар омадам, хоҳаршўям Зеварро дидам. Ман, ки хеле инсони бекинаам, салом кардаму ўро ба хона таклиф намудам. Ў ба чор тараф бо ҳавас нигоҳ мекарду мегирист, баъд мақсади омаданашро гуфт:

- Шаш моҳ боз шуморо мекобам янгаҷон, бо як азоб адресатонро ёфтам. Додаронам пул кор карданро аз падараму акаам мерос, ки гирифта буданд, ана соҳиби чӣ дову дастгаҳ шуданд-а?!

Худамро базӯр ба даст гирифтаму гуфтам:

- Меҳнати ман ҳам дар соҳиби ин дову дастгаҳ шудан кам нест.

Аммо Зевар ба гирду атрофи ҳавлӣ назар карда, беист гап мезад, ман мақсадашро баъдтар фаҳмидам.

Хостгорӣ

Зевар ба суханаш идома дод:

- Янгаҷон, шавҳари Гавҳар аз рўзе фаҳмидааст, ки мо ҳавлиро гирифтему шуморо ба як яхонагӣ кўчондем, хоҳарамро азобҳои саг медиҳад, гуфтааст, ки агар моли бачаҳои сағирро нагардонед, талоқатро медиҳам!

- Баъд шумо нагуфтед, ки якхонагиро ҳам баргардонда додем?!,-пурсидам ман.

Зевар гўё худаш бо худаш гап мезада бошад, гирён гуфт:

- Янгаҷони хизматгорам, айби мо не, айби модарам, ҳамеша мегуфтанд, ки бегона - саги девона, ин баъди сари мо шуморо рўз намедиҳад, аз ин рў, писандаш накунед. Коре кунед, ки аз шумо тарсад, шуморо бинад, дар ҷояш тар кунад. Янгаҷон, кинаҳоро як тараф монеду розӣ шавед, ки духтарамро ба Имронҷон диҳам ва хонаву ҳавлии падарашро ба номаш карда диҳам. Духтарам тарроҳи хуб аст, дӯкони дӯзандагӣ дорад, ҷон янгаҷон, нагузоред риштаҳои хешутабории мо канда шаванд. Зевар инро гуфту гўё акааш ҳамин рўз ҳалок шуда бошад, овоз андохт:

- Вой аком, акои хубам, акои хушрўм, акои баномусам, акоҷонам, ана писаронатро кофтан омадам, мурам дар рўҳи саргардони хунолудат ако, моро бубахш акоҷонеееее…

Тамоми зиндагии талхам чун навори кино пеши назарам омаданду то холӣ шудани дили зорам ҳамроҳи хоҳаршўям, аммаи бачаҳоям гиристаму баъд гуфтам:

- Афсўс, шумо дер кардед. Имронҷонро соли гузашта тўй кардем, келинам Фаришта аз оилаи сарватманд аст, вале хеле беозору нозанин. Раҳмонҷон ҳам дўстдошта дорад ва насиб карда бошад, баъди донишгоҳро хатм кардани келиншавандаамон тўй мекунем.

Зевар ҳайрон-ҳайрон ба ман менигарист ва ман хотирашро ҷамъ кардам:

- Хонаи падаратон ба худатон насиб кунад, бахшидаматон. Ман ғайри ин ҳавлӣ дар маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрадор дорам, писаронам дар хориҷа соҳиби хонаи шахсӣ ва кору зиндагӣ ҳастанд. Ба мо чизе даркор нест!

Бахшидан беҳтарин хислат аст

Ман хоҳаршўйҳоямро бахшидам, аммо таклифи рафтуомадро бо онҳо рад кардам, зеро бо дидани онҳо ҳамон нописандиву таҳқиру латукӯбу мисли саги дайду дар кўчаҳо шабҳо гаштанам ба хотирам мерасад. Аммо писаронам…

Зевар рақамҳои телефони ҳарду писарамро гирифта, ба онҳо занг зада бошад ҳам, онҳо “мо дигар бегонаем” гуфта, аз суҳбат худдорӣ карданд. Хешу табори ман мегўянд, ки ту ба писаронат бигў то аз гуноҳи аммаҳояшон гузаранд, аммо ман онҳоро ба ихтиёри худашон гузоштаам. Шояд рўзе фаро мерасаду худашон мефаҳманд, ки бахшидан - ин хислати беҳтарини инсон аст.

Ана ҳамин аст қиссаи зиндагии ман. Мехоҳам ба занҳое, ки дар чорроҳаи қисмат ҳайронанду намедонанд кадом роҳро интихоб кунанд, бигўям: Ба худатон такя кунед! Ба худатон бовар дошта бошед ва Худо мададгор мешавад. Ҳеҷ гоҳ ноумед набошед!

ГУЛРЎ, Бухоро

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД