Arzon march 2024
Баррасии барномаи сармоягузорӣ ба соҳаи обёрии Тоҷикистон то соли 2027
529

 

29 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ зикр кард, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ нигаронида шудааст.

Дар он ҳамчунин тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи сармоягузорӣ тасдиқ гардида, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, аъзои ҳукумат лоиҳаи қарори ҳукуматро Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023-ро баррасӣ карда, дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ҳамзамон, дар маҷлис масъалаҳо Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ва Дар бораи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди  маъмурии  шаҳри  Нораки  вилояти  Хатлон  ба  ҳолати 1 январи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа ба Ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, андешидани тадбирҳо оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ низ супоришҳо дода шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД