formula55
БАҲСИ БЕФОИДА
1574

Вақте ки зан гирифтам, хариди хӯрока ба гарданам афтод. Пеш фақат падару модарам харид мекарданд. Ман фақат барои либосҳои баданам ба бозор мерафтаму халос. Акнун бошад…

-Ба хона падару модарам ба меҳмонӣ меоянд. Ба бозор раведу харид карда биёед. Албатта, чойи кабуд харед. Падарам чойи кабудхӯранд. Он кас бе чой ягон чиз аз гулӯяшон намегузарад, - гуфт ҳамсарам.

Дар оилаи мо ҳама чойи сиёҳ менӯшиданд. Ягон маротиба чойи кабуд нанӯшида будам. Аз бозор харид карда омадаму завҷаам пурсид:

-Чойи кабуд харидед?

-Афсӯс, занакҷон, ҳамаро кофтам, вале чойи кабуд нест. Имрӯз ба падарат ба ҷойи чойи кабуд чойи сабз бидеҳ.

-О, ин чойи кабуд ку?! –қуттии дар дастам бударо дида гуфт завҷаам.

-Чӣ хел чойи кабуд? Дар ин ҷо чойи сабз навишта шудааст?

Ҳарчанд чойи сабз навишта шуда бошад ҳам, ин чойи кабуд аст, аммо бо ӯ баҳс накардам, чаро, ки воқеае аз давраи кӯдакиам ба ёдам расид…

Синфи панҷ мехондам. То ҳол хуб дар ёд дорам, ки боре модарам маро ба меҳмонӣ бо худ ҳамроҳ гирифтанд. Дар ҳавлии мизбон аввал ҳамакаса дар як ҳуҷра нишастем. Калонсолон дар ҳар бор хеле сӯҳбат мекарданд. Хӯрокро хӯрдем. Сипас марди хона гуфт:

-Шумо гапҳои занонаи худро гуфтан гиред, ман ба ҳуҷраи дигар меравам, - гуфта, ӯ ба ҳуҷраи дигар гузашт. Камтар баъд ман ҳам ба пеши мардҳо рафтам. Хелеҳо сӯҳбат кардем. Сипас, ман боз хостам, ки пеши модарам баргардам. Дар долон як чойники худҷӯши барқиро дидам. Онро барои ба қувваи барқ пайвастан дар баландӣ гузошта буданд. Ба ҷумаки он базӯр қади ман мерасид. Зебоиаш ҳаваси маро оварду хостам, ки як бор тарзи об рехтани онро бинам. Ноомади кор чун ба ҷумаки он расидам, қувваи барқ маро ба худ кашид. Аввал ду ангушт, сипас тамоми панҷа часпид. Дод гуфта, худро ба ақиб кашидам. Хайрият, ки сими он ба қувваи барқ суст пайванд карда шуда буду даррав ҷудо шуд.

Баъд аз ҷудо шудан чойники худҷӯши ба канори мизи худсохти баланд гузошташуда баробари ман каме ҷунбиду ба замин афтод. Як сӯ овози додзании ман, сӯи дигар овози баланди афтодани чойники худҷӯши пур аз оби ҷӯш аз ду ҳуҷра ҳамаро ба пеши ман давонд.

-Бачам чи шуд?-пурсиданд бо ҳаячон модарам аз мани ҳангканда, ки бо дасту пойи ларзон ба девор такя карда будам.

-Ин афтод, тарсидам.

-Ту даст нарасонида будӣ?

-Не, ман нарасидам. Худаш афтид.

-Худат созӣ? – пурсид соҳибхона.

-Соз.

-Соз бошӣ, гӯр ба сари самовор.

Чу ба хонаи хеш омадем, ба баданам чизи сурхе калон-калон зада баромад. Оҳ, сабил, чунон мехорид, ки ба гиря даромадам.

Рӯзи дигар модарам тамоми кори аз дасташон омадаро карданд. Ба духтур бурданд.

-Ин тарбод, - гуфт духтар ва бароям дору дод.

Баъди ин, ба пеши мулло бурда, дуо хононданд.

-Тарсидааст, - гуфт домулло ва илоҷи корро ҳамагон ёфтанд.

Ба модарам маслиҳат доданд, ки табобати халқӣ гирам.

-Писаратро ба пеши ягон хари кабуд мебарӣ. Куртаашро ба пушт мебардорад ва ба дарунаш ҷав мерезӣ, зеро хари кабуд бояд хӯрад. Сипас, ба ақиб нигоҳ накарда, ба хонаатон баргардед. Чун хар ҷавро хӯрд, писарат шифо меёбад.

Баъди ин модарам аз куҷое ҷав ёфта овард. Маро ҳамроҳ гирифта, ба хонаи тамоми хардорон рафтем. Вале, хари ягон кас кабуд набуд. Ду рӯз мо дар деҳа хари кабуд кофтему наёфтем. Дору кора намекард ва баданам сахт мехориду ман мегиристам. Модарам ноилоҷ монда буданд. Оқибаташ соҳиби як хар гуфт:

-Хари кабуд кофта мегардед? Ба ҳамин хари хокистарранг диҳед, шояд шифо ёбад.

Хулоса, давои мардумиро кардем ва баъди чанде ин дарди хориш тани маро тарк гуфт. Намедонам сабаб чӣ буд, ки шифо ёфтам. Шояд доруҳои духтур, дуои мулло ё аз даруни куртаи ба пушт гардонида ҷав хӯрдани хар буд, ки дард таркам гуфт. Баъдан ба модарам ба гуноҳи хеш қоил шудам.

-Худам ба чойник расидам. Қувваи барқ ба худ кашид. Вақте ки ман худро ба ақиб кашидам, чойник ба замин афтод. Сахт тарсидам.

-Ман фаҳмидам, ки ту ба ман дурӯғ гуфтӣ, вале интизор будам, ки худат ба гуноҳат қоил шавӣ. Оқибаташро худат дидӣ, ки чӣ хел азоб кашидем. Минбаъд эҳтиёт шав.

Узр пурсида, ваъда кардам. Он рӯз хело хари кабуд кофтему наёфтем. Пас аз ба воя расидан китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба дастам расиду он воқеа ба ёдам расида, онро кофта ёфтам. Калимаи “кабуд” маъноҳои нилӣ, осмонӣ, лоҷвардиро доштааст.

Баъди ин ба хари кабуд нафратам омад. Ду рӯз чӣ сон мо онро кофтем. Нафаҳмидам, ки тамоми ҳамдеҳагонам соҳиби хари кабуд будаанду мо кофтему наёфтем.

Имрӯз бошад, бо завҷаам баҳси бефоида намекунам. Бигзор, чойи сабзро агар кабуд гӯяд ҳам, бароям фарқе надорад. Асос бароям ӯ шоду хурсанд бошад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-06-23, 06:48
Бехтарин кор якдигарфахми дар зиндагист.ва дили якдигаро да даст оварданаст.
Посух
Oshiqi MODARAM 🩶 2023-07-15, 14:21
Имрӯзҳо одамони сину солашон калонтар ба ҷои себи сабз себи кабуд чойи сабз чойи кабуд мегуянд мо ки ҷавонтарем сабз мегуйем ба модарам баҳс мекунам чаро кабуд мегуед мегуяд бибиҳоямон чунин мегуфтанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-06-23, 06:48
Бехтарин кор якдигарфахми дар зиндагист.ва дили якдигаро да даст оварданаст.
Посух
Oshiqi MODARAM 🩶 2023-07-15, 14:21
Имрӯзҳо одамони сину солашон калонтар ба ҷои себи сабз себи кабуд чойи сабз чойи кабуд мегуянд мо ки ҷавонтарем сабз мегуйем ба модарам баҳс мекунам чаро кабуд мегуед мегуяд бибиҳоямон чунин мегуфтанд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД