formula
Баҳси кумитаи андоз бо ситораҳои тоҷик
03.03.2023
ОИЛА
795

Кумитаи андози ҷумҳурӣ рӯйхати ситораҳо ва блогерҳоеро нашр кард, ки ба қавле “аз андоз қарздор ҳастанд”.

Дар рӯйхате, ки дар рӯзномаи “Боҷу хироҷ” нашр шудааст, номи 29 чеҳраи шинохтаи олами шоу-бизнеси тоҷик оварда шудааст, ки гӯё бо фаъолияти ғайри қонунии соҳибкорӣ машғул шуда, аз даромадҳое, ки аз каналҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст меоранд, андоз намесупоранд.

Дар ин рӯйхат номи шахсиятҳои шинохтае чун Беҳрӯза Зеваров ("Tamoshow"Youtube), Мубориз Усмонов ("Mubor1z" Youtube), шоир ва рӯзноманигори шинохта Орзу Исоев (Orzu Isoev), ҳаҷвнигори маъруф Саидҷон Идиев ("Шакарханд" Youtube), Ҷонона Ашурова ("jononisher" Youtube), Фаридун Саидов ("m_Favik.tj" дар Youtube), Сабинҷон Нуриддинов ("Sabinjonnofficiall"Youtube), Сино Соҳибов ("Sinojon_sohibov" Youtube), Ғолиб Мӯсоев (golib_show Youtube), Аъзам Назриев ("Zanjabilbro" Youtube) оварда шудааст.
Кумитаи андоз мегӯяд ин блогерҳои машҳур бо фаъолияти ғайри қонунии соҳибкорӣ машғул шуда, дар каналҳояшон, ки садҳо ҳазор обуначӣ доранд, маводҳои рекламавиро пахш мекунанд ва аз ин ҳисоб даромад ба даст меоранд, вале аз даромади худ андоз намесупоранд... Худи блогерҳо, аз ҷумла Орзу Исоев иддаоро рад карда, мегӯяд, ин ҷо хатои бузурге рафтааст ва дар фаъолияти ӯ ягон навъи қонуншиканӣ набуду нест.
Кумитаи андоз ба блогерҳо огоҳӣ додааст, ки фавран аз қайд гузашта фаъолияти худро дар асоси қонун ба роҳ монанд, дар акси ҳол ҷарима карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД