goodwell
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
85

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Чин пас аз мулоқоти сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

1. Роҳбарони ду кишвар ба Изҳороти муштараки Тоҷикистону Чин дар бораи таҳкими ҳамкориҳо ва Аҳдномаи ҳамҷавории некӯи абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин имзо гузоштаанд, ки таҳти шиори “Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ” амал хоҳад кард.

2. Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2027-2028.

3. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин барои солҳои 2026-2028.

4. Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин дар бораи лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ.

5. Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи ҳуши маснуии Чин - Тоҷикистон.

6. Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар асоси эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат миёни Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин.

 

7. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ.

8. Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноати Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026-2028.

9. Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) дар бораи татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026.

10. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти Тоҷикистон ва Бюрои рушди содироти Чин.

11. Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати илми Чин дар бораи густариши ҳамкории илмӣ ва фанновариҳо дар соҳаи ҳуши маснуӣ.

Ҳамин тавр, байни ду кишвар дар маҷмуъ 31 санади муҳим ба имзо расид, ки боиси тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД