Arzon march 2024
Бе падар нестам! Қисми 1
1638

 

Рӯз бегоҳ шуда, соат аз 5 мегузашт. Атрофро оҳиста –оҳиста торикӣ фаро мегирифт, вале аз Моҳира дараке набуд. Ӯ ҳар рӯз соати 12 ба мактаб рафта, соати чор бармегашт.

Сайёра хавотир шуда, ҳар замон ба соати деворӣ менигарист ва аз нигаҳ кардан ба тиреза хеле хаста шуда, либосҳои гармашро пӯшида, ба берун баромад. Дар берун ҳам аз Моҳира нишоне набуд. Ӯ зуд роҳи мактабро пеш гирифт. Дар роҳ чашмаш ба ҳамсинфи Моҳира Нигина афтод, ки танҳо меомад. Ба Нигина салом дода, хавотиромез пурсид:

-Нигинаҷон салом! Моҳираро надидӣ? Ӯ дар куҷост?

Нигина гуфт:

-Холаҷон, ман имрӯз ба дарс бе тайёрӣ омада будам. Ман ва якчанд нафари дигар аз ҳамсинфонро муаллим баъди дарс нигоҳ дошта, маҷбур кард, ки дарсҳоро тайёр кунем, аммо Моҳира барвақт баромада буд.

Хавотирии Сайёра боз ҳам зиёдтар шуда, бошитоб ҳаракати худро ба самти мактаб идома дод. Дар мактаб аз хонандагон аллакай касе намонда буд. Муаллимаи Моҳира низ бехабарии худро изҳор дошта, гуфт:

-Моҳира чун ҳамеша аз дарс баромада, ҳамроҳи ҳамсояаш Соҷида ба хона рафт.

Сайёра тозон ба хонаи модари Соҷида омад. Соҷидаву модараш, даври дастархон нишаста, чой менӯшиданд. Ҳарду аз ҷой бархоста, ба Соҷида салом доданд, вале ӯ саломро алейк нагирифта, якбора ба пурсиш гузашт:

–Соҷидаҷон, Моҳира куҷо шуд? Муаллимат гуфт, ки ӯ ҳамроҳи ту аз мактаб баромадааст…

Соҷида давон–давон ба хонаи дигар гузашт ва аз ҷувздонаш коғазеро бароварда, ба Сайёра дароз карда гуфт: «Дар назди истгоҳи мактаб таксие истода, аз он марде берун омад ва Моҳираро ба оғӯш кашида, ҳамроҳи ман ба мошин савор кард. Ба ман ширинӣ дода гуфт, ки «Ман падари Моҳираам. Ба модари Моҳира гӯй, ки хавотир нашавад»-ва ин коғазро дод, ки ба шумо диҳам.

Сайёра коғазро гирифта кушод ва онро хонда, якбора ба фиғон омад. Дар он ба таври кӯтоҳ навишта шуда буд: «Хавотир нашав. Духтарам якчанд рӯз бо ман мемонад. Ҳаво хеле сард аст, вале либосҳои ӯро тунук мебинам. Ман ба ӯ либосҳои гарм харида, баъдтар ба ту бармегардонам. Асрор».

Сайёра гирякунон ба хона омад ва худро болои рахти хоб партофта, хеле гирист. Баланд –баланд гирист.

Аз ҷудо шудани ӯ бо Асрор 6 сол гузашта бошад ҳам, Сайёра  ҳеҷ гоҳ имкон намедод, ки Асрор духтарашро бинад. Агарчӣ оилаи онҳо бо гуноҳи Сайёра вайрон шуда буд, вале ӯ ба хотири қасос гиирфтан аз Асрор ӯро аз ҳақи дидори ягона духтараш маҳрум карда буд.

 Замоне, ки Сайёраву Асрор аз ҳам ҷудо шуда буданд, Моҳира ҳамагӣ ду сол дошт. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд, дар ин 6 сол падараш, ақаллан як маротиба ҳам натавониста буд, ки ба дидори Моҳира мушарраф шавад. Сайёра ҳамеша ба вохўрии падару духтар монеъ мешуд. Асрор ҳатто борҳо ба воситаи шахсони дигар чун ёрдам ба духтараш сару либос ва хӯрока фиристода бошад ҳам, Сайёра ҳамеша онро бозпас мегардонид.

Ба саволҳои Моҳира дар бораи падараш Сайёра ҳамеша посух мегуфт, ки «ту падар надорӣ» ё «падари ту мурдааст». Агар пурсишҳо зиёдтар мешуданд, Моҳираро сахт сарзаниш мекарду маҷбур месохт, ки дар бораи падараш дигар чизе напурсад ва алами худро аз гиря мегирифт. Моҳира бошад, аз гиряи модар маҳзун шуда, зуд ӯро мебўсиду ваъда медод, ки дигар дар ин бора намепурсад. Аммо баъди чанде боз пурсиши худро такрор мекард ва ҷӯёи падар мешуд.

Сайёра чун донист, ки Моҳира бо падараш рафтааст, сахт дар ташвиш шуд. Вақтҳои охир ӯ бисёр эҳсос мекард, ки духтараш сахт дар ёди падар асту ӯро меҷӯяд. Ӯ ба хотир овард, ки боре чӣ гуна Моҳира аз мактаб омада, гирякунон гуфта буд:

-Очаҷон, фаҳмидам, ки падарам зинда аст. Чаро намегузорӣ ӯро бинам? Ҳамсинфон ҳар рӯз маро сағираи бепадар гуфта, таъна мезананд. Ман ҳам мехоҳам мисли дигарон падар дошта бошам. Палтои наву пойпўши нав дошта бошам. Ман ҳам мехоҳам, падарам аз дастам гирифта, ба мактаб бараду ба ҳамсинфон нишон диҳам, ки бепадар нестам.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД