Бегуноҳиамро чӣ хел исбот кунам?
03.01.2026
Oila.tj
426

Ман як нафари азобдида ҳастам. Шавҳарамро дар Русия ҳабс карданду маҷбур ба хонаи падару модарам баргаштам, вале бо 3 фарзанд рӯзам дар хонаи падар нагузашт. Янгаҳоям ману бачаҳоямро чашми дидан надоштанд ва мудом таъна мезаданд, ки нонхӯри зиёдатӣ ҳастем.

Ночор ба шаҳри Душанбе омада, хонаеро иҷора гирифтам, то ки бе миннат зиндагии худ ва фарзандонамро пеш барам. Азбаски савод ва касбу ҳунар надорам, дар хонаҳои мардум хизматгорӣ карда, ризқу рӯзии худу бачаҳоямро меёбам, вале ҳамсояҳои туҳматчии модарам дар ҳақи ман ҳар хел овозаҳои бардурӯғ паҳн кардаанд, ки гӯё дар шаҳр бо роҳи ҳаром пул меёбам. Ин хабари шум ба гӯши акаю додаронам расидааст ва ҳар рӯз бо падару модари пирам ҷангу ҷанҷол мекардаанд, ки духтаратон моро шармсори мардум кард.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бегуноҳиамро чӣ хел исбот кунам?

М. У.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД