formula55
Айбамро дониста маро ба занӣ гирафтанист, вале...
3823

Салом ба хонандагони азизи сомонаи "Оила". Узр мехоҳам, ки ному насабамро гуфта наметавонам, зеро намехоҳам наздиконам аз рӯйи ман шуда, хиҷолат кашанд. Розе дорем, ки онро пеши касе ифшо карда наметавонам. Аз ҳамин сабаб хостам бо пинҳон кардани номам сирри махфии худро кушода, маслиҳат пурсам.

Аслан ман зодаи вилояти Суғд мебошам. 17-солаам ва ба наздикӣ тӯйи арӯсӣ дорам. Бо домодшаванда ду сол боз дар фотиҳаем ва якдигарро мешиносем, вале дар боби он ки ман бокира нестам, ӯ чизе намедонад. Ҳарчанд кӯшиш кардам, рози диламро ба ҷавоне, ки бояд ҳамсарам шавад, гуфта натавонистам, вале...

Тасодуфан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шудам ва байнамон оҳиста-оҳиста муносибатҳои дӯстона ба миён омаданд. Намедонам аз чӣ бошад, ки ман ба ӯ бовар карда, бузургтарин рози худро кушодам.

Акнун ин ҷавон бокира набуданамро додаю дониста маро ба занӣ гирифтанист. Мегӯяд, ки маро дӯст медорад, агар фотиҳаро гардонам, модарашро ба хонаамон хостгорӣ фиристода, маро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад.

Ростӣ, чи кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Фотиҳаро гардонда ба касе, ки маро бо тамоми айбу гуноҳам қабул карданист, ба шавҳар бароям ё ҳарчи бодо бод гуфта, риштаи тақдирамро бо ҷавоне, ки волидонам маро бо ӯ номзад кардаанд, пайвандам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Мага 2023-10-20, 09:49
Ҳаёти касро наслҳои хоҳиш мекунам
Посух
Мохифархори ДаштиЧуми 2023-10-20, 10:50
Куфр нашавад, странная такая.. холо 17 сола гуфти гапхо аз даханаш буйи шир нарафтаст хам бокира несту хам шавхаршаванда дораду хам боз хушдор! Рекордсменка ку?! Э Мо пир шудем 30 ба даромада холо бокираему на шавхаршаванда дорему на хушдор. Маслихатдехаш аввал моба маслихат дихад. Ин 17 сола аз ухдаи хамаи кор мебаромадагист, чош биед гуспанди нарро хам мечушад. Астагфируллох.
Посух
Дилбар 2023-10-22, 00:05
Он чавон бо сад умед пул сарф карда зан мегирад ки зиндагиашро обод кунад хайоти уро дар як лахза барбод надех шармандааш накун хамон шахси мисли худатро гир ки ба хама айбат туро хостааст .Афсуш ки бо чанд пули харом бехтарин чиз барои духтар номуси у аст номусатонро мефурушед ба чуз шармандаги аз ин корат чи ба даст оварди.Номусатонро арзон мефурушед бад думболи мардони зандор медавед хонаи ободи як зани дмгаро вайрон мекунед шпвхари уро аз худ мекунед хайф ба шумо барин духтархо.
Посух
Фотимабону 2023-10-23, 10:37
Ҳам бокира нестӣ ҳам хушдор дорӣ боз? Лаънат ба ту барин духтарҳо, боз шарм надошта мегӯяд ба ман маслиҳат диҳед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД