Варикоцеле - бемории тухмдонҳои мардона буда, нисбат ба простатит ва аденомаи простата кам вомехӯрад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба ин касалӣ гирифтор намешавед. Аз ин беморӣ тахминан 15-20%-и мардон азият мекашанд, ки бештарашон ҷавонон ва наврасони нав ба балоғат расида ҳастанд.
Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани ин беморӣ дарак дода метавонанд:
- Пайдо шудани дард дар мавзеи миён.
- Мушкилот ҳангоми пешоб кардан, аз қабили дошта натавонистани пешоб ё баръакс, зуд-зуд пешоб кардан.
- Тағйир ёфтани ранги пешоб ва пайдо шудани қатраҳои хун дар пешоб.
- Вайроншави функсияи узв ва суст шудани рағбати ҷинсӣ.
- Якбора вазни зиёдеро партофта, сахт хароб шудани мард.
Варикоцеле гардиши хунро дар узвҳои мардона вайрон мекунад ва дар натиҷа кас метавонад ба безурётӣ гирифтор шавад. Аз ҳамин хотир, ба ҷавонмардоне, ки “Варикоцеле”доранд, тавсия медиҳем, ки ҳатман ба духтури уролог муроҷиат намоянд.