arzon replenishment
Беморонаи касалиҳои сироятӣ аз Зарнисор ба Гипрозем мекӯчад?
2258

Беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ки дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт ҷойгир шудааст, ба маҳаллаи Гипрозем кӯчонида мешавад.

Лоиҳаи бинои нави ин беморхона аллакай аз ҷониби ҳукумати шаҳр тасдиқ шудааст ва ба наздикӣ корҳои сохтмонии бино оғоз меёбанд. 


Тавре ки Махмадсаид Зувайдзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, беморхонаи касалиҳои сироятӣ, ки дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт ҷойгир шудааст, бояд ба маҳаллаи дигар дар мавзеи аз шаҳр дуртар кӯчонида шавад.
Бемористони мазкур соли 2015 дар якҷоягӣ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе аз нав таъмир карда шуда, тибқи қарори ҳукумати шаҳр қисмате аз ин беморхона, аниқтараш бахши бемориҳои сироятии кӯдакона ба бинои наве, ки дар дохили беморхонаи Истиқлол сохта шуда буд, кӯчонида шуд.
Акнун барои беморони калонсол Вазорати тандурустии кишвар дар якҷоягӣ бо фондҳои байналмиллалӣ дар минтақаи Гипразем бемористони нав бунёд менамояд, ки 1500 кат хоҳад дошт. Дар назар аст, ки аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе низ ду бинои дигар сохта шуда, беморхона аз маҳаллаи Зарнисор ба Гипрозем кӯчонида шавад.
“Аҳолӣ зиёд шуда дар атрофи беморхонаи касалиҳои сироятӣ чандин биноҳои истиқоматии нав қомат афрохтаанд. Ба хотири бехатарии мардум ин беморхона ба маҳалли дигар кӯчонида мешавад”-гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.


Раиси кумита ба саволи хабарнигорон вобаста ба биноҳо, ки аз тарафи “Комил 2010” сохта шудааст, изҳори назар карда, гуфт, ки то имрӯз ягон комиссия ё лоиҳакашон нисбати ин биноҳо хулоса надодааст ва мо низ чизе гуфта наметавонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД