Formula september
БЕМОРОНИ ҚАНД РӮЗА МЕГИРАНД?
2635

 Саволи хонандагон ва посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯшӣ дар боби фазилатҳои Рамазон ва аҳкоми рӯзаро пешниҳоди шумо мегардонем.

Беморони қанд рӯза мегиранд?

Дар кишвари мо шумораи гирифторони касалии қанд сол то сол меафзояд. Шахсоне, ки бемории қанд доранд, бояд зуд-зуд хӯрок хӯранд ва об нӯшанд. Оё рӯза гирифтани ин тоифа шарт аст?

Посух

Нафароне, ки бемор ҳастанд, барои онҳо хӯрдани рӯза иҷозат дода шудааст ва бемороне, ки умед ба беҳбудӣ аз онҳо нест, метавонанд рӯзаи худро бихӯранд. Бемории қанд танҳо мушкилоти мусулмонон нест ва мардуми ғайри мусалмон низ гирифтори чунин касал ҳастанд. Мувофиқи омор зиёда аз 600 миллион аҳолии курраи замин ба бемории мазкур гирифтор ҳастанд. Онҳо метавонанд рӯзаи худро хӯранд ва дар ивази он ба афроди камбизоат, нотавон, маъюб ва корношоям фидя пардохт кунанд.

Ҳаҷми муайяни фидя чӣ қадар аст?

Барои 30 рӯзи рамазон ҳаҷми фидя барои афроде, ки пирони солхӯрда ҳастанд ва бемороне, ки дарднопазиранд, 360 сомонӣ муайян шудааст. Занҳои ширдеҳ ё ҳомила ҳам ҳаққи хӯрдани рӯзаро доранд, аммо занҳои ҳомилае, ки барои худ ё барои тифлаш хатареро эҳсос мекунанд, динни мубини ислом барои онҳо иҷозати рӯза хӯрданро додааст ва баъд аз бартараф шудани узр метавонанд, ки дар рӯзҳои дигар рӯзаи худро қазо бидоранд.

Рӯзаи кӯдакон қабул аст?

Баъзе падару модарон фарзандони хурдсолашонро ба рӯза доштан маҷбур месозанд. Оё аз нигоҳи ислом ин амал дуруст аст?

 Ҷавоб:

дини мубини ислом барои аҳкомҳои ӯро ба ҷо овардан барои   духтарбача ё писарбача ҳадди синни муайянро муқаррар кардааст, ки ин синни балоғат аст. Вақте ки хоҳ духтарбача ё писарбача ба балоғат мерасанд, он гоҳ аҳкоми шаръӣ барои ӯ мефарояд ва бояд намози худро хондаву рӯза гиранд. Дар синни хурдсолӣ рӯза гирифтан аз нигоҳи шаръӣ чунин дастурот вуҷуд надорад.

Нӯшокиҳои энергетикӣ рӯзаро фосид мекунанд?

Аксари ҷавонон имрӯз нӯшокиҳои гуногуни энергетикӣ менӯшанд. 

  Дар давраи рамазон нӯшидани чунин нӯшокиҳо равост?

Ҷавоб:

Барои нӯшидани нӯшокиҳо дини мубини ислом хӯрданиҳо ва нӯшокиҳои ҳалолро манъ накардааст, хоҳ дар рамазон бошад, хоҳ   дар ғайри рамазон. Хубтар мешуд, ки ҷавонон аз нӯшокиҳои ватанӣ истифода кунанд.

Дар рамазон дашном додан раво аст?

Мардони носкаш ва сигоркаше ҳастанд, ки дар давраи рамазон онҳоро хумори носу сигор мегирад ва асабашон вайрон шуда, зану фарзандони худро дашном медиҳанд,магар рӯзаи чунин одамон дуруст аст?

Ҷавоб:

Одоби рӯза ин аст, ки инсон бояд дар моҳи мубораки рамазон аз гуфтани гапҳои бемаънӣ ва кашидани носу сигор худдорӣ намояд.

Рамазон як рӯз аст?

Дар байни мардум ақидае мавҷуд аст, ки аслан рамазон як рӯз аст, вале кадом рӯз буданаш аниқ нест, аз ҳамин хотир, баъзеҳо фақат се рӯз аввал, се рӯз байн ва се рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд. Назари шумо ба ин масъала чист?

Ҷавоб:

Дар китоби Қурони шариф омадааст, ки моҳи шарифи рамазон як моҳ   аст.  

Оббозӣ рӯзаро фосид мекунад?

Баъзеҳо мегӯянд, ки дар вақти рӯзадорӣ оббозӣ кардан мумкин нест, чунки ҳавли бадан баромада, ташнагӣ мешиканад ва ба даҳони кас об рафтанаш мумкин аст. Ба ҳамин масъала равшанӣ андозед?

Ҷавоб:

Дар ҳавои гарм оббозӣ кардан ё ҳангоми ба даҳон об гирифтан рӯзаи кас намешиканад,танҳо бояд эҳтиёт кард, ки дар вақти ғар-ғара об бояд ба ҳалқ наравад.

Савдогарон гунаҳкор мешаванд?

Савдогароне, ки нархро дар рамазон баланд мекунанд, онҳоро ҷазо интизор аст?        

Ҷавоб:

Албатта ин вобаста ба худи инсофу имони савдогарон аст. Бояд онҳо кӯшиш намоянд, ки дар вақти Рамазон зиёни худро ба дигарон нарасонанд. Ин моҳи хайру садақа ва савоб аст.            

  

 

 

                                                                                                                                                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД