Commerc banl
Беҳтарин расму оинҳои наврӯзии мардуми тоҷик
21.03.2026
Oila.tj
38

Ҳамасола 21-уми март дар тамоми сарзамини Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми тоҷик махсусан ба дастархони идона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, зеро садсолаҳо боз андешае роиҷ аст, ки агар дастархони наврӯзӣ пуфайзу баракат бошад, тамоми сол ҳаёти аҳли оила ҳамчунон пурбор хоҳад гашт. Маҳз аз ҳамин сабаб аксарият кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастархони идонаашон бой бошад ва тамоми сол Худованди меҳрубон ба хонадони онҳо файзу баракат ато намояд.

“Тибқи суннатҳои қадимӣ, мардум то фарорасии Наврӯз бояд хонаву дар ва гирду атрофи манзили худро тоза кунанд, агар қарздор бошанд, ҳатман қарзи худро пардохт намоянд, зеро хайру саховате, ки одами қарздор мекунад, пеши Худованд қабул нест”,- мегӯянд пиронсолоне, ки аз дину оин хабардор ҳастанд.

Маросими суннатӣ дар Наврӯз густурдани суфраи ҳафт син ва ҳафт шин мебошад. Ҳафт син аз ҳафт унсур иборат аст, ки номашон бо ҳарфи С оғоз мешавад. Ҳафт Шин низ аз ҳафт унсур иборат мебошад, ки номашон дар алифбои форсӣ бо ҳарфи Ш оғоз мешавад.

Дар дастархонҳои идона ҳамчунин кулчаҳои калони гирда ва дигар хӯрданиҳои лазиз гузошта мешавад.

Дар Наврӯз асосан аз алафҳои баҳорӣ ва сабзавот таом омода мекунанд. Машҳуртарин таоми идона суманак буда, аз сабзаи аз тухми гандум сабзида тайёр карда мешавад.

Дар баъзе минтақаҳо ба ғайр аз суманак ва таомҳои идона боз дар рӯйи хон шамъ ва тухми рангкардашуда мегузоранд, ки рамзҳои хоси худро доранд. Шамъ - ин нур ё ҳамон оташест, ки одамро аз рӯҳҳои бад муҳофизат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД