gazprom august 2025
Беваи ҳафт дар (ҚИСМИ 2)
1660

Тӯй муборак шавад!

Ману Саид имтиҳонҳои давлатиро месупоридем, як рӯз ӯ дар танҳоӣ ба ман изҳори ишқ карда гуфт:

- Фозилаҷон, ман туро дӯст медорам инро ба падару модарам низ гуфтам. Падарам мегӯянд, ки бо ин савод ту мактаби олӣ хонда наметавонӣ, аққалан як сол дар яке аз магазинҳоямон савдо кун, баъд он тарафашро мебинем.

Нақшаи кашидаи модарам ба хотирам расиду гуфтам:

- Саидҷон ман ҳам туро дӯст медорам, вале маро ба як хешамон, ки дар қишлоқ зиндагӣ мекунад ба шавҳар медиҳанд.

Чеҳари Саид дигаргун шуду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад, ман ба нишон расидани тирамро дида илова кардам:

- Баъди имтиҳонҳо тӯй…

Саид он рӯз ғамгину хастаҳол буд, дар оилаи онҳо чӣ шуду чӣ гузашт намедонам, вале баъди ду рӯз аз тарафи онҳо ба хонаамон хостгор баромад. Падару модарам як моҳи дароз қудошавандаҳоро давонданд, ман медонистам, ки ин «реклама»-и модарам аст. Апаам дар хона шури қиёмат барпо кард, ки наход ман истода хоҳарамро ба шавҳар диҳед, бояд аввал ман шавҳар кунам! Хулоса ҳама кор аз рӯйи нақшаи модарам амалӣ шуду баъд аз як моҳи хатми мактаб ман арӯси хонаводаи сарватманде гаштам.

Саиди содда, ки ӯро ягон духтар писанду манзур намекард, бо сад ҷон ошиқи ман шуд ва аз гапам як қадам берун намемонд. Дар хонаводаи хусуру хушдоман ман мисли маликаҳо зиндагӣ мекардам, кай хоҳам аз хобам мехестам, чизе хоҳам мехӯрдам, дар хона аз ҳисоби хешони қишлоқии хушдоманам се-чор хизматгор доштем…

Нони танҳоӣ

Зиндагии хонаи модарам акнун пурра бар души ман буд, ман пинҳонию рушод ба хонаи онҳо чиз мекашонидам. Модарам насиҳатам мекард, ки ҳамеша хусурамро ҳурмат кунам, шавҳаратро хар барин алаккай савор шудаӣ, Сабзаи содда ба ҳурмат ҳам намеразад-хандида мегуфт ӯ. Хусурам маро бисёр дӯст медошт ва ҳар гоҳи аз кор баргашта бароям як сумка ширинию тӯҳфаҳои ҳархела меовард, мисли кӯдак эркаам мекард.

Ҳомиладор шудаму дилам оромӣ мехост ва аз Саид хоҳиш кардам, ки то таваллуд шудани фарзандамон бояд ба хонаи алоҳида кӯчем, зеро дар ин хонаи сермеҳмон наметавононам. Саид бо падараш маслиҳат карда маро ба хонаи дар маркази шаҳр будаашон бурд. Хусурам акнун зуд-зуд ба хабаригириямон омада аз пештара дида зиёдтар эркаам мекард, хушдоманам аз ин рафтори ман каме хафа шуда бошад ҳам зуд-зуд омада меравафту хафагияшро нишон намедод. Дилам ба нони танҳоӣ одат карду баъди таваллуди фарзандам низ дигар ба хонаи хушдоманам нарафтам…

Хушдоманам инро дида насиҳатам кард, ки ба хона баргардам, ман стресси баъди таваллудро баҳона карда чунон ҷангу ҷанҷол бардоштам, ки занаки содда раҳашро монда бераҳа гурехту дигар ёди хонаи писараш накард….

(Давом дорад)

ФОЗИЛА

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД