Sebiston new 2024 october
Бейти-кабоб
1882

 

Маҳсулоти лозима:

Гӯшти қимма – 650 грамм

Пиёз – 1 дона

Тухм – 1 дона

Нони хушк – 100 грамм

Намак, мурч – мувофиқи табъ

Барои дохил:

Равғани маска – 20 грамм

Хамираи помидор – 50 грамм

Лаваш – 5 дона

Тарзи таҳия

Дар зарф гӯшти қимма, пиёз, тухм,равғани растанӣ, намак ва мурч андохта, омехта мекунем. Ба қолаб равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем. Чӯбчаҳои махсуси барои сихкабоб бударо мегирем ва қиммаи омодакардаро дар чӯб гирифта, дар тафдон кабоб мепазем. Тобарои дар оташи паст гузошта, маска мемолем, баъд хамираи помидоррехта, лавашро тунук мекунем ва соуси омодакардаро ба он мемолем. Сихкабобро дар лаваш гузошта мепечонем. Ба болои лаваш тухм ва кунҷит молида, дар тафдон то сурх шуданаш мегузорем. Баъдан, кабобро бурида дар зарф мегирем ва ба болояш кетчуп ва пиёзу кабуди пошида истеъмол мекунем. Бейти кабоб омода шуд. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД