shoh palace
БИМА-муҳофизати дороӣ ва саломатии мизоҷонашро кафолат медиҳад!
867

 

Имрӯз сари ҳар як қадам хатаре метавонад ба инсон таҳдид намояд, аз ҳамин хотир одамон ба хотири бехатарии молу амвол ва ҳифзи саломатии худу аҳли хонаводаашон аз намудҳои гуногуни суғуртаи иҷтимоӣ истифода мебаранд, аммо боварӣ ва эътимоди мардумро сазовор гаштан на ба ҳар ширкати суғуртавӣ даст медиҳад.

БИМА-ин ном аллакай барои афроди тафаккурашон пешрафта, ки дар ҷомеъаи муосир то кадом андоза зарур будани суғуртаро хеле хуб дарк мекунанд, кайҳо ошно аст. БИМА яке аз ширкатҳои пешсафи Тоҷикистон дар самти суғуртаи ихтиёрӣ ба шумор рафта, зери тобеияти ширкати маблағгузорию роҳбарикунандаи "FIFTYFIVE GROUP" амал менамояд ва аллакай доираи хеле калони мизоҷони худро дорад. Калонтарин ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷии мамлакат молу амволи коргоҳашон ва саломатии худ, аҳли хонавода ва бехатарии манзилу мошину ширкату кормандонашонро маҳз дар БИМА суғурта мекунанд, зеро ба ин ширкати суруртавӣ боварӣ ва эътимоди комил доранд.

БИМА бастаҳои гуногуни суғуртаи ихиёриро ба сокинону меҳмонони Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Бастаи “Супергерой” маҳз барои кӯдакон буда, волидон метавонанд бо кӯмаки ин полиси суғуртавӣ фарзандони худро аз ҳодисаҳои ногувор эҳтиёт кунанд. Ба таври дигар бигӯем, дар ҳолати дучор шудани кӯдак ба ягон нохушӣ ё фалокат аз қабили шикастани дасту пой, рӯй додани садама ва ғайра, падару модароне, ки фарзандашонро дар БИМАсуғурта кардаанд, бо ҳамин полиси суғуртавӣ имкон доранд, ки ҷигарбандашонро аз ҳисоби ин ширкат табобат намоянд. Бастаи “Телохранител” барои калонсолон пешбинӣ шудааст, бастаи “Супур-семейка” бошад, барои аҳли оила мебошад...

Бо ҳамин усул мизоҷони ин ширкати суғуртавӣ имкон доранд, ки аз бастаҳои гуногун истифода бурда, хона, мошин, таҷҳизороти рӯзгор, телефонҳои мобилии қиматбаҳо, ширкату корхона ва бехатарию саломатии худ ва фарзандону пайвандону зердастонашонро суғурта намоянд.

Тавре ки зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон роҳбарон ва кормандони ширкат иброз доштанд,ширкати суғуртавии БИМА ҳанӯз 8 сол қабл арзи ҳастӣ намуда, ҳадафи асосии он барои ҳар як мизоҷ фаҳмо ва дастрас гаштани хизматрасониҳои суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Танҳо соли гузашта ширкат ба зиёда аз 3000 нафар мизоҷонаш, ки ба ҳодисаҳои гуногун гирифтор шуда буданд ё ниёз ба табобат доштанд, маблағи суғуртаро пардохт намуда, дар табобат ва ҳалли мушкили онҳо саҳми арзанда гузоштааст.

“Мизоҷони мо хеле зиёданд, вале як ҳодиса ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Соли гузашта ба назди мо ҷавонзани мотамзадае бо кӯдаки хурдсолаш аз як ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ омада буд. Шавҳараш аз бонк қарз гирифта ба Русия мардикорӣ рафта будааст, вале бадбахтона кораш омад накарда, аз ошёнаи баланд меафтад ва ҷо ба ҷо мемирад. Аз як тараф марги фоҷиавии падари фарзандаш, аз ҷониби дигар қарзи бонк ҷавонзанро чунон абгор мекунад, ки ногуфтанӣ. Вақте ки ӯ барои ҳалли масъалаи қарз ба бонк меравад,мефаҳмад, ки шавҳараш пеш аз ба Русия сафар кардан худро дар ширкати мо суғурта карда будааст. Кормандони бонк ӯро ба назди мо фиристодаад. Азбаски ҷавонзан бо бо шавҳараш танҳо никоҳи мусалмонӣ доштааст, маблағи суғуртаро ба ӯ дода наметавонистем, аз ҳамин хотир ба номи фарзандаш ҳамчун меросхӯри мизоҷи ҷавонмаргамон ҳуҷҷат карда, маблағи суғуртаро пардохт намудем. Зан вақти маблағро гирифтан зор-зор гиря карда мегуфт, ки шавҳари раҳматиаш шояд дар мулки ғурбат ба сараш омадани фалокатро пешакӣ эҳсос карда, пеш аз сафар худро суғурта кардааст. Бо ҳамон маблағ зан ҳам қарзи шавҳари ҷавонмаргашро дар бонк пардохт намуд ва ҳам маъракаҳи мотамиашро гузаронд”-бо дард қисса намуд яке аз кормандони ширкати мазкур.

Акнун ба хотири осон кардани кори мизоҷонаш ширкати суғуртавии БИМА бастаҳои мухталифи суғуртаро тариқи Онлайн пешкаш месозад. Барои соҳиби полиси суғуртавӣ гаштан кофист, ки ба сомонаи ширкат ворид шуда аз байни 13 баста, бастаи ба шумо лозимии суғуртаро интихоб намоед ва промокодро пур карда, бехатарии фарзандатон, саломатии худ, мошин, хона, таҷҳизоти рӯзгор ва кархонаву ширкати худро суғурта намоед. Ногуфта намонад, ки пардохти маблағи суғурта аз дилхоҳ корти бонкӣ имконпазир буда, тахфиф низ дорад.

“Аз байни тамоми намудҳои суғуртае, ки мо дорем, бастаи Суғуртаи Ихтиёрии Тиббӣ (ДМС) машҳур буда, мизоҷони бениҳоят зиёд дорад. Сифати олии хизматрасонии тиббиро бо ин полиси суғуртавӣ дарк намуда, натанҳо шахсони алоҳида, балки ширкатҳои хеле бузург низ тамоми кормандонашонро ба таври коллективона суғурта мекунанд”-мегӯянд бо ифтихор кормандони ширкати суғуртавии БИМА.

Қобили зикр аст, ки кормандони ширкати мазкур дар кори худ хеле масъулиятшинос буда, кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои худро сари вақт ва бо сифат анҷом диҳанд, зеро шиори БИМА сазовор гаштан ба боварии ҳар як мизоҷ ва баланд бардоштани маърифати молиявии мардум мебошад.  

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД