Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳристон мардеро бо гумони таҳдиди куштор боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои ВКД, боздоштшуда Ӯткирҷон Тоҷибоеви 40-сола, сокини ҷамоати деҳоти Шаҳристон буда, рӯзи 11-уми октябр, тахминан соати 16:15 дақиқа, дар ҳолати мастӣ корд дар даст ба хонаи ҳамсояаш Қ. З., соли таваллудаш 1972 даромада, бо истифода аз корди хоҷагӣ соҳибхонаро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати Тоҷибоев Ӯ. бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.