Бо мақсади пешгирии вируси "Nipah" мусофирони аз хориҷа омадаро аз муоина мегузаронанд
Бо мақсади пешгирии вируси "Nipah" мусофирони аз хориҷа омадаро аз муоина мегузаронанд . Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, барои ошкор кардани вируси "Nipah" ба кишвар аз Русия озмоишҳо ворид карда мешаванд.
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шудаанд, ки бо ёрии онҳо мусофироне, ки аз кишварҳои хориҷӣ, махсусан аз Ҳиндустон меоянд, аз муоина гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки вируси "Nipah" моҳи январи соли равон дар Ҳиндустон хуруҷ кард ва панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳудуди 100 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд.