arzon replenishment
Бо ВНМО зиндагӣ мекунаму соҳиби 3 фарзанди солим ҳастам
407

 

Дар хотирам ҳаст, ки 16 сол пеш  дар худ камқувватӣ, беҳолатӣ ҳарорати баланд ҳолатамро  вазнин кардан гирифт.  Дар аввалҳо фикр кардам, ки зукоми муқаррарӣ аст, ба духтур ҳам муроҷиат накардам.

Рӯз ба рӯз ҳолатам бад мешуд, вале ҳеҷ дар хаёлам намеомад, ки ман дар хуни ман вирус аст. Дар хона беҳолу бемадор хоб будам, раҳмати падарам аз кадом як рӯзнома нишонаҳои вируси норасоии масъуниятро мехонад, ҳамон рӯз маро таҷилан ба духутр бурд ва баъди муоинаи хун муайян шуд, ки дар хунам вирус аст. Дар  беморхона бистарӣ карданд ва табобатро оғоз кардам. 16 сол мешавад, ки бо вируси норасогии масъунияти одам зиндагӣ мекунам ва соҳиби 3 фарзанди нозанину солим ҳастам.

Рушди бемайлони тараққиёт дар самти тандурустӣ шаҳодат аз гуфтаҳои ин қаҳрамони мо медиҳад. Дар баробари ӯ даҳҳо нафари дигарро метавон мисол овард, ки бо вируси мазкур зиндагии орому осоишта ва фарзандони солимро ба дунё овардаанд. 

                                Ин муъҷиза аст

Таваллуд шудани кӯдаки солим аз модари бо ВНМО зиндагикунанда, дар байни ҷомеа боварибахш нест, зеро аз миёни пурсидашудаҳо, танҳо се нафар гуфт, ки шояд эҳтимол дошта бошад, аммо он қадар эътимод надорам.

сипд

Нигора, панҷ соли охир бо Барномаҳои   ҳамкорӣ дораду дар семинару конфронсҳо иштирок карда, маълуомти зиёд дорад. Ӯ  мегӯяд,  панҷ сол пеш вақте дар як семинар иштирок доштам, ҳамонҷо гуфтанд, ки аллакай тифли солим аз модари ин вирусдошта таваллуд шуд. Ҳар чанд илми тиб дақиқ кардааст, ки фарзанди солим таваллуд мешавад, баъзан аз чунин пешравии илми тиб ақли инсон лол мегардад. Бовар мекунед, ин як муъҷиза аст.

Чӣ гуна шахси ВНМО дошта метавонад, фарзанди солим ба дунё биёрад?

саидбурхон

Дилшод Сайбурҳонов, директори маркази пешгирӣ ва мубориза ба ВНМО дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин савол чунин гуфт: “Агар модари тифл сироятёфта бошаду дар батнаш ҷанин дошта бошаду сарбории вирусиаш баланд (аз 10 то 50 000 ва ҳатто 1 миллион ) ва агар ягон раванди табобатро анҷом надиҳад, дар ин вақт кӯдак таваллуд шавад, хатари сироятёбиаш то 40 фисад мебошад. Вақте аз зан мо вирусро дарёфт мекунем ва дар давраи ҳомиладорӣ табобати зиддиретровирусӣ мегирад, то 2 фоиз хатар поин меравад. Мутаассифона хатар боқӣ мемонад, вале дар ҳадди минималӣ. 

https://oila.tj/news/modari-vnmo-doshta-farzandi-solim-ba-dune-meorad

АбдулллозодаТибқи омори Вазорати  расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  305 кӯдак аз модари бо ВНМО зиндагӣ кунанда таваллуд шудааст, ки онҳо то 18 моҳагӣ таҳти назари мутахассис қарор мегиранд.

"Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 130 зани ҳомилаи ВНМО дошта таваллуд карданд ва айни замон 94 зани ҳомила таҳти назорати антенаталӣ ҳастанд", гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳоли ҶТ дар нишасти хабарии нимсолаи аввали соли ҷорӣ.  

Онҳо аз тамғаи “сабукпой” гирифтан метарсанд

вин Пулод Ҷамолов, роҳбари Ташкилоти Ҷамъияти “СПИН ПЛЮС” аст ва аз соли 2007 бо чунин нафарон кор мекунад. Ӯ мегӯяд шахсоне, ки дар хунашон Вируси Норасогии Масъунияти Одам  доранду  ба табобати беморӣ машғул намешавад, ин гурӯҳ эҳтимоли зиёди паҳн кардани бемориро доранд. Аммо нафароне, ки зери табобати духтурон қарор доранд, аз рӯи схемаи тартибдодашуда  доруҳояшонро сари вақт истеъмол мекунанд, барои атрофиён бехавфанд ва ҳатто баъд аз муоина гузаштан ва иҷозати духтури соҳаро гирифтан, бедуддилагӣ фарзанди солим ба дунё оварда метавонанд.

“Аз соли 2007  ин ташкилот созмон дода шуд.  Ҳадафи асосии  ташкилот аз байн бурдани тамғагузорӣ ва дастгирии нафарони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад. Мақсади мо ин аст, ки нафароне, ки бори аввал мефаҳманд, ки дар хунашон ин вирусро доранд, натарсанд ба мо муроиҷат кунанд. Дар таҷрибаи кории мо шахсоне  буданд, ки баъди фаҳмидан ки онҳо дар хунашон  вируси ВНМО-ро доранд, хостанд худашонро бо ҳар роҳ, ба дор овехтан, дору зиёд истеъмол кардан, ба об партофтан  аз байн  бубаранд, чунки ба назари онҳо чунин менамуд, ки касоне, ки вирусро доро ҳастанд, нафарони сабукпо ҳастанд.

 саркон

Дар Тоҷикистон зиёда аз 60 санади меъёри ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки ба масъалаҳои ВНМО, аз ҷумла, дар самти мубориза, дур кардани тамғагузорӣ ва дигар ҳолатҳо алоқаманд мебошанд.

Тибқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар кишвар барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ гардидааст, ки яке аз самтҳои он  паст кардани табъиз ва решакан кардани тамғагузорӣ ва зӯроварӣ нисбат ба одамони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад.

Дар баробари ин, шахсе, ки дорои вируси ВНМО асту аз муолиҷа дурӣ меҷӯяд, тибқи Моддаи 119. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне  барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии ВНМО ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Ҳамчунин, нисбати нафароне, ки дидаю дониста вирусро пинҳон медоранд, дар асоси Моддаи 120.  кодекси мазкур омадааст, ки аз тарафи шахси мубталои бемориҳои ВНМО, бемориҳои сирояткунанда, инчунин шахсони бо ӯ алоқадошта пинҳон доштани манбаи сироят, ки хавфи ба ин беморӣ сироят карданро ба вуҷуд меорад ҷавобгарӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар кишвар барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ гардидааст, ки яке аз самтҳои он  паст кардани табъиз ва решакан кардани тамғагузорӣ ва зӯроварӣ нисбат ба одамони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ дар Тоҷикистон, дар шаш моҳи имсол дар кишвар 548 мавриди нави гирифторӣ ба беморӣ сабт шудааст, ки  196 нафари онҳо занон будаанд. Аз соли 1991 то ҳол теъдоди умумии гирифторони беморӣ дар Тоҷикистон 14 ҳазору 540 нафар гуфта мешавад, ки беш аз сеюним ҳазори онҳо фавтидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД