Адабиёти тоҷик бо адибони оламшумулаш миёни ҷаҳониён шуҳрати беандоза дорад. Мероси гаронбаҳову пургуҳари шоирону нависандагони миллати фарҳангсолори тоҷик то имрӯз ҳамчун дурдонаҳои таъриху тамаддуни ин миллати кӯҳанбунёд арзёбӣ мегарданд.
Имрӯзҳо низ адибони мо бо офаридани асарҳои мондагор миёни дӯстдорони илму адаб маҳбубияти хос доранд. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон адибони миллат бо сухани дилнишин ва эҷодиёти худ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли нав хизмат кардаанд.
Яке аз чунин нафарон Ҳотам Ҷумъаев мебошад, ки бо тахаллуси Ҳотами ронанда шеър эҷод мекунад. Ҳотами ронанда соли 1963 дар деҳаи Бафоии шаҳри Истаравшан дар оилаи ронанда ба дунё омада, дар ҳамин оилаи меҳнатдӯсту меҳанпараст ба камол расидааст. Ӯ соли 1980 МТМУ №51-ро хатм намуда, ҳанӯз аз синфҳои 7-8 ба навиштани шеър оғоз кардааст. Муаллимонаш истеъдоди ӯро саривақт пай бурда, барои сайқал ёфтани қаламаш роҳнамоӣ мекарданд.
Аввалин шеъри ӯ ба мавзуи сулҳ бахшида шуда буд, зеро он рӯзҳо дар Ветнам ва минтақаҳои дигари олам оташи ҷанг аланга мезад. Орзуи шоири ҷавон чунин буд:
Мо бачагони хушбахт, сулҳи пойдор мехоҳем,
Номи ҷангро мо дигар шунидан намехоҳем.
Модараш, ки нахустин омӯзгораш буд, шеърҳои фарзандашро мутолиа намуда, ба ӯ маслиҳат медод. Ин меҳру дастгирӣ барои ташаккули шахсияти эҷодии Ҳотам нақши муҳим гузошт.
Ҳотами ронанда баъди хатми мактаб бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст. Чун дар Афғонистон ҷанги хонумонсӯз оғоз ёфта буд, ӯ ва ҳамхизматонашро ба ҷанг сафарбар карданд. Дар он сарзамини пурошӯб вай рӯзҳои бисёр сахту пурмашаққатро паси сар намуд. Ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Аз як тараф садои даҳшатноки таркишу аз тарафи дигар овози ғамангези одамон саҳнаи ҷангро ваҳмноктар мекард. Ӯ шоҳиди ҳалокати дӯстони наздикаш гардид ва дарди ҷангро бо тамоми ҳастияш эҳсос намуд.
Ҳамхизматонаш Павленко, Аъзамҷон, Даврон, Бозорбой, Комилҷон, Салимҷон паси ҳамдигар ба ҳалокат расиданд. Ҳотам ба ҳамхизматонаш ваъда дод, ки баъди ҷанг боғе бунёд мекунаду дарахтонро ба номи ҳар яки онҳо мегузорад.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 2000-ум Ҳотам Ҷумъаев соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, боғ бунёд намуда, онро боғи "Ҳаёт" ном ниҳод ва шаш дарахтро ба номи ҳамхизматонаш ва якеро ба номи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ гузошт. Аввалин ҳосили боғро хайр кард ва ҳоло 26 сол мешавад, ки аз ин боғ мева мегираду аз ҳамхизматони бамуроднорасида ёд мекунад.
Ҳотами ронанда солҳо дар Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан фаъолият намуда, имрӯзҳо дар МТМУ №34 ба хонандагон дарс медиҳад. Ҳамзамон ба эҷоди шеър машғул шуда, то имрӯз се маҷмӯаи ашъораш - «Паёми Ватандор», «Ҷон фидои Ватан» ва «Умри дубора» ба нашр расидаанд. Дар шеърҳои ӯ мавзуҳои ватандӯстӣ, муҳаббат ба модар, миллат, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ ва сулҳу ваҳдат ҷойгоҳи хос доранд. Шеърҳои ӯ аз меҳри Ватану инсондӯстӣ саршор буда, ҷавононро ба дӯст доштани меҳан, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу оромӣ даъват мекунанд.
Ҳотами ронанда дар майдони ҷанг ва ҳам дар майдони илму фарҳанг рисолати худро бо сарбаландӣ иҷро кардааст.
Хизматҳои содиқонаи Ҳотами ронанда бо 17 ордену медал, аз ҷумла медалҳои ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳ, нишони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон", "Аълочии кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ" ва даҳҳо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ