Formula novemver 2024
Болопӯшҳои замчии мардона
1854

Дар мавсими тирамоҳ болопӯши замчӣ варианти олиҷаноб аст. Болопӯши замчӣ рангҳои гуногун дорад ва ба ҳама синну сол мувофиқ буда, ба тан хеле зебанда мебошад. Якчанд намуди болопӯшҳо вуҷуд доранд, ки рангу дизайнҳои гуногун дошта, хеле зебандаю ҷаззобанд. Рангҳои сиёҳ, қаҳваранг, сабз, кабуд ва ғайра ба ҳама синну сол мувофиқ меоянд.

Болопӯши замчии қаҳваранг

Хоҳед, ки либоси бебаҳои дар ҳама давру замон аз мӯд намерафта дошта бошед, болопӯши замчи қаҳварангро интихоб намоед. Он барои ҳаррӯза пӯшидан дар кору ҷойи таҳсил муносиб буда, бо чунин болопӯш шумо метавонед бемалол дар боғу гулгаштҳо сайр кунед ва ҳатто ба меҳмонӣ равед. Болопӯши замчӣ хеле бароҳат буда, баданро аз сардӣ эмин нигоҳ медорад.

Болопӯши замчии ранги блусонӣ

Варианти ҷаззобу зебандаи дигар - ин тарҳи блусонии болопӯши мардона мебошад, ки ба тан хеле зебанда аст. Шакли оддии блузка, ки бо камари риштадор ё чандирӣ часпонида мешавад, бисёр ҷаззоб аст. Ин услуб бо шимҳои камари баланд комилан мувофиқ мебошад. Хуллас, рангу тарҳҳои гуногуни болопӯши замчӣ вуҷуд дорад ва шумо метавонед мувофиқи завқи худ онро интихоб намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД