goodwell
Бонки миллӣ барои дароз кардани мӯҳлати қарзи ипотека чораандешӣ мекунад
24.07.2026
Оила
40

Бонки миллӣ барои то 20 сол дароз кардани мӯҳлати қарзи ипотека чораандешӣ мекунад

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ назарашро дар боби пешниҳоди қарзи ипотека аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии кишвар ба шаҳрвандон иброз дошта гуфтааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қарзи ипотека маъмулан ба муҳлати 15-20 сол дода мешавад, вале дар ин масъала вобаста ба ҷалби захираҳои молиявӣ ва муҳлатҳои начандон дарози қарз дар мо баъзе маҳдудиятҳо вуҷуд доранд.

Ба қавли Толибзода низоми бонкии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷуд буда ба ҷорисозӣ сар карда, механизмҳои нави пешниҳоди қарзи ипотека омӯхта мешаванд.

“Умедворем, ки маҳдудиятҳои мавҷуда бартараф гашта, дар оянда қарзи ипотека  ба яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти низоми бонкӣ табдил меёбад”, – гуфтааст раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба аҳолӣ ба маблағи 256 млн сомонӣ қарзҳои ипотека пешниҳод шудааст, ки ба 27,5 млн доллар баробар мебошад. Маъмулан қарзи ипотека ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол пешниҳод шуда, фоизи он аз 20% болост, вале чанде пеш “Амонатбонк” фоизи қарзи ипотекаро паст карда, акнун ба мизоҷонаш бо 14%-и сомона қарзи ипотека медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД