Oila 5 years
Бонуи тоҷик омӯзгори соҳибунвони донишгоҳе дар ИМА
436

Низорамоҳ Ҳаитова, зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон, баъди хатми Мактаби миёнаи №1-и ин шаҳри бостонӣ ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, бо ихтисоси филолог, тарҷумони забони англисӣ дохил шуда, онро дар соли 2000 бомуваффақият ба итмом расонидааст.

Дар шароити муосири замон забондонӣ аз омилҳои муҳиммест, ки сабаби комёбиву муваффақиятҳои ҳар як нафар мегардад. Ин айниятест, ки рӯзгори аксар ҳамватанони мо гувоҳи он мебошад. Низорамоҳро ҳам маҳз забондониаш боис гардид, ки ба ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ барои кор даъват шавад.

Ӯ чандин сол корманди ташкилотҳои Миссияи Шарқ (Mission East), Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Каритас (Caritas) ва Айрекс (Irex) буд. Cоли 2013 барандаи бурсияи ташкилоти Фулбрайт (Fulbright Shcolarship) гардида, тавассути он ба Донишгоҳи Мичигани Ғарбии (Western Michigan University) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шуд ва соли 2015 зинаи магистратураи донишгоҳи мазкурро хатм намуд. Хатми муваффақонаи магистратура ӯро соҳиби бурсияи зинаи докторантураи донишгоҳи мазкур гардонид.

Дар ин зинаи олии таҳсилоти илмӣ низ муваффақона таҳсил намуда, ниҳоят дар ибтидои соли равон рисолаи илмиашро дар самти идоракунии соҳаи маориф, дақиқан, дар мавзӯи “Таҷрибаи донишҷӯзанҳои мусулмони хориҷӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Роҳҳои пешравӣ дар таҳсил ва оила (Experience of Female Muslim International Graduate Student in USA: Strategies to cope with academics and family life)” бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмӣ – доктори илмҳои фалсафа дар соҳаи роҳбарии маориф гардид. Ин мавзӯъ барои низоми таҳсили Амрико аҳамиятнок аст, аз ин рӯ, аз ин таҳқиқи бонуи тоҷик ба хушӣ истиқбол гардид.

Низорамоҳ бо ҳамсараш соҳиби 3 фарзанд ҳастанд ва дар тарбияи онҳо низ хеле ҷиддӣ мебошанд. Онҳо ҳарчанд дар Амрико умр ба сар мебаранд, аммо бо ҳолу ҳавои Ватани азизи хеш ҳастанд ва ҳамеша мекӯшанд муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати сарбаланди худ бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД