Formula 2025 may
Парвандаи гумонбарони ҳамла ба Крокус ба суд ирсол мешавад
30.04.2025
Оила
381

Парвандаи гумонбарони ҳамла ба

Крокус ба суд ирсол мешавад

Санаи ирсоли парвандаи ҷиноятии 4 нафар гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус-Сити-Холл маълум шудааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

“Парвандаи чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Москва муттаҳам дониста мешаванд, моҳи июни соли 2025 ба Суди ҳарбии Округи дуввуми ғарбии Русия фиристода мешавад,”-омадааст дар хабар.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба ин толори консертӣ баҳори соли гузашта, рӯзи 22-юми марти 2024 рух дода, бар асари ин ҳодисаи ваҳшатбор 145 нафар ҷон бохтанд ва зиёда аз 500 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бо гумони даст доштан дар ин амали террористӣ зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон”*, бахши созмони ДОИШ бар дӯш гирифтааст.

Пас аз ин ҳамлаи террористӣ ба ин толор муносибати мардуми рус ба тоҷикон тағйир ёфта, мавҷи эҳсосоти зидди муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, махсусан тоҷикон дар ҷомеаи Россия якбора боло гирифт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД