Бори нахуст дар Тоҷикистон! Эмболизатсияи шараёни испурч баъд аз пайванди ҷигар
05.12.2025
Oila.tj
120

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар ба беморе, ки пайванди ҷигар гузаронидааст, эмболизатсияи шараёни испурч бо муваффақият анҷом дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҷарроҳи эндоваскулярии маркази мазкур Ҷамшед Раҳмонов, ки якҷо бо ҳамкорони хеш амали мазкурро анҷом додааст, мегӯяд, баъди анҷом додани ин амал хунгардиши шараёни ҷигари бемор беҳтар карда шуд.

Ба иттилои Ҷамшед Раҳмонов, дар бемор, ки сокини 50-солаи шаҳри Душанбе мебошад, пас аз 20 рӯзи амалиёти пайванди ҷигар ҳангоми муоинаи назоратӣ хунгардиши шараёни ҷигар паст мушоҳида шуда, бемор ба маркази номбурда муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи номбурда, чунин ҳолат ба бемор пас аз пайванди ҷигар дар соҳаи тиби кишвар бори нахуст ба амал омадааст ва то кунун табобати ингуна ҳолати беморӣ таҷриба ҳам карда нашуда буд.

Бо фароҳам овардани шароиту имконияти мусоид дар маркази мазкур, аз ҷумла бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва донишу таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони ватанӣ дар кишварҳои гуногуни олам имконият даст дод, ки чунин ҳолати бемор саривақт бартараф гардида, вазъи саломатии ӯ муътадил нигоҳ дошта шавад,- меафзояд манбаъ.

Ҳамин тавр, татқиқоти дастгоҳи муосири ангиография нишон додааст, ки бемор дорои синдром, яъне ҳолате, ки дар он шараёни испурчи калоншуда қисми зиёди хунро ба худ ҷалб мекунад ва ба таъминоти муътадили хун ба ҷигар халал мерасонад, мебошад.

Пас аз баррасии машварат мутахассисони ин марказ ба қарор омадаанд, ки ба бемор эмболизатсияи шараёни испурч гузаронида шавад. Хушбахтона, қисмати дисталии раги испурчи калоншуда бо эмболҳои сферикии андозаи 900–1200 мкм бомуваффақият баста шудааст.

Гузаронидани ангиографияи такрорӣ пурра барқарор шудани гардиши хун дар раги шараёни беморро нишон дода, он самаранокии усулро тасдиқ намуда, ба устувор шудани вазъи саломатии бемор мусоидат намудааст. Ин амалиёт ба бемор бе буриш гузаронида шудааст.

Пас аз як рӯзи гузаронидани амали мазкур бемор ба хонааш рухсат дода шуда, айни ҳол вазъи саломатиаш хуб мебошад.

Тавре Ҷамшед Раҳмонов, ҷарроҳи эндоваскулярии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо иброз доштааст, ин амалиёт нахустин таҷрибаи табобати чунин беморӣ дар кишвар ба шумор рафта, имкониятҳои навро барои муолиҷаи осебҳои мураккаби рагӣ баъди пайванди ҷигар фароҳам овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД