Хигиеника
Борони сел 5 симчӯбро чаппа карду…
262

 

Дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рӯзи 25-уми октябр бориши шадид сел сар зада дар натиҷа 5 симчуби қувваи барқ чаппа шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ ҳамчунин дар километри 224-225-и шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч муваққатан роҳро бастааст.

Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, роҳро аз селоварду ярч пок карданд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гаштааст.

Ҳоло роҳ боз аст, аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки Идораи ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ҳушдор дода буд, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин тавсия дода мешуд, ки аз сабаби боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо рафтан ба моҳидорӣ ва ба сабаби эҳтимоли раъду барқ рафтан ба шикоргоҳ ҷиҳати шикор маслиҳат дода намешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД