Arzon march 2024
Боронҳои пуршиддату сел дар Айнӣ, Тоҷикобод ва Сангвор
08.11.2024
ОИЛА.ТҶ
397

Боронҳои пуршиддати тирамоҳӣ дар баъзе манотиқи кишвар боиси ташвишу изтироби сокинон шуда ва ҷо-ҷо харобиҳо ҳам ба бор овардаанд.

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст, ки рӯзҳои 6-7-уми ноябри соли равон боронҳои пуршиддат муҷиби омадани селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар ҳудуди навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд шудаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, рӯзи 6-уми ноябри соли 2024, соати 14:30 дақиқа дар километрҳои 100 ва 108-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ сел сабабгори муваққатан баста шудани роҳ гардидааст. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада аз ҷониби ширкати IRS техникаҳои муҳандисӣ сафарбар гардида, соати 18:31 дақиқа роҳ барои ҳама намуди воситаи нақлиёт боз гардидааст.

Худи ҳамин рӯз соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лабиоби ноҳияи Тоҷикобод бинобар сабаби бориши борони зиёд аз селроҳа сел омадааст. Селоба ба 4 хонаи истиқоматӣ ва 5 иншооти ёрирасон (оғилхона) ворид гардидааст. Дар ин ҳодиса 2 пули мошингузари байни деҳа ва масофаи тақрибан 80 метр роҳи мошингузаро қисман зарар дидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода аҳолии деҳаи Миразиёнро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидааст. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

7-уми ноябри соли 2024 бошад, соати 02:20 дақиқа дар километрҳои 1, 3, 37 ва 40-уми шоҳроҳи Лабиҷар - маркази ноҳияи Сангвор бинобар сабаби бориши боронҳои зиёд аз селроҳа сел омада, роҳро бастааст. Ҳамчунин дар километри 37-уми шоҳроҳи Лабиҷар - маркази ноҳияи Сангвор як адад автомашинаи сабукрави тамғаи “Opel”-ро сел аз канори роҳ тақрибан ба масофаи 15 метр аз роҳ берун бароварда, дар соҳили дарёчаи Рубоднол партоб кардааст. Хидматчиёни ҳарбии бахши КҲФ дар ноҳияи Сангвор якҷо бо аҳолӣ ронанда ва 4 нафар мусофири мошинро наҷот додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД