Рақиби сарватманд
Рўзҳоям ҳамин минвол бо дили сиёҳу таъби гирифта мегузаштанд, аммо Ансор аҳволамро бадтар кард. Як моҳи охир ў қариб ки наздам намеомад, занг занад ҳам, ҳамту оддияк авҳол мепурсиду халос. Дигар он навозишу сӯзу гудоз набуд. Ба гўшам овозаҳои гуногун мерасиданд. Як ҳамсабақам дар мактаби кор мекардаи Ансор муаллима буду аз ишқи мо огаҳ, як рўз дар маркази ноҳия вохўрдему ў бароям нақли ҷонсўзе кард…
Дилсардии дўстдоштаи ман сабаб доштааст, ў ба орзуяш расида, бо духтари сарватманде шиносоӣ пайдо карда будааст. Ҳамкори Ансор гуфт, ки Ҳабиба - рақиби ман корманди бонк будаасту падару модараш тоҷир. “Онҳо дар оила шаш духтаранд, апаҳои Ҳабиба шавҳар карда рафтаанд ва волидайнаш барои духтари кенҷагӣ хонадомод мекобанд”,- афзуд ҳамсабақам.
Дар пеши хонуми хабарбиёр худамро ором нигоҳ дошта бошам ҳам, то хона расидан гиристам. Чун ҳодисаи шунидаамро ба модарам нақл кардам, ў маро тасалло дод, ки Ансор худаш дар оила як писар асту ҳаргиз волидонаш ба хонадомодии ў ризо нахоҳанд шуд.
Ман худи ҳамон рўз ба Ансор занг зада, рост ё дурўғ будани воқеаи шунидаамро пурсидам. Ин ғуломи сарват инкор накард ва гуфт, ки “модарамро мефиристам, бо модарат маслиҳат мекунад. Ишқи байни мо хато буд, Ҳабибаро дўст медорам” ва телефонашро кушт…
Модар чӣ гуна?
Ҳоли маро Худо медонаду худам. Рўзи дароз мегиристам, ба мактаб мерафтаму намедонистам чӣ дарс мегузарам. Аҳволи модарам бадтар аз ман буд, охир, дар деҳа ба духтаре, ки фотеҳааш мегардад, назари хуб надоранд. Маро бошад, чун як духтари боодобу соҳимаърифат мешинохтанд. Пас аз чанд рўзи ин воқеа модари Ансор омад, ман гумон кардам, ки ў ақаллан бахшиш мепурсад, вале ин зан аз писараш камӣ надоштааст. Ў назди ману модарам фақат таърифи хонаву дари Ҳабибаву хешу таборашро мекард. Аз нақлҳои пурвоҳимаи ин зан фаҳмидам, ки Ҳабиба аллакай барои Ансор мошин харидаасту ў дар вақтҳои бекорӣ таксӣ мезанад…
- Шумо хафа нашавед,- баъди анҷоми суханронии мутантананаш гуфт ин зани ҳарис,- ана ин пулро келиншавандаам чун бахшиш барои шумо фиристод, гиреду розӣ шавед…
Модарам бо қаҳр гуфт:
- Мо аз касе хафа нестем, тақдир будааст, аммо ба келинпошшоятон гўед, ки мо гадо ҳам нестем! Наход то ин дараҷа одам ба пастӣ равад?! Ба хотири молу чиз розиед, ки писари ягонаатон ғуломи хусуру хушдоман шавад?!
Модари Ансор бепарво ҷавоб дод, ки ҳеҷ гап не, ба хотири хушбахтии писарам ба ҳама кор розӣ ҳастам. Худо хоҳад, соҳиби писар шаванд, гирифта калон мекунам…
Модарам либосаки арзонбаҳои барои куртапӯшон овардаи модари Ансорро гардонида доду бо вай хайрухуш кард. Ман акнун фаҳмидам, ки чизпарастии Ансор аз куҷо маншаъ гирифта будааст.
Дили шикаста
Инак як сол боз Ансор бо Ҳабиба зиндагӣ дораду ман бошам, ҳеҷ захми аз номардиҳои ў гирифтаи диламро табобат карда наметавонам. Ҷавонони зиёде мехоҳанд диламро ба даст биёранд, чанд нафараш ҷиддӣ таклифи хонадоршавӣ низ кардаанд, аммо ман метарсам. Аз ишқ, аз муносибат, аз номардӣ…
Ба хотири каме сабук шудани дарди дилам онро рўйи коғаз рехтам. Шояд нафари дигар низ ба ҳамин гуна ҳолати бад дучор шудаасту маслиҳаташро аз ман дареғ намедорад?!
НИСО
Таснифи Рухсора САИД