Oila Navruz
Бойдухтари шарманда (Қисми 2)
03.05.2022
ОИЛА
2922

 

Амира мисли бонувони дигар аз шикасти бахташ ғусса нахӯрд, баръакс ба хонаи дар шаҳр будаашон рафта, ба курси ронандагӣ дохил шуду онро хатм намуд. Падараш барои духтари «дилшикастааш» мошини хориљии қимматбаҳое харид...

Амира акнун дар деҳа мошинсавор мегашт, ӯ аз падараш хоҳиш кард, ки барояш хонаи алоҳида созад. Падар ин хоҳиши духтари азизашро низ дар замин нагузошта, дар ҳамсоягияш барои ӯ хонаи бодабдабаи зебое сохт. Амира дар тӯйи як хешашон бо ҷавоне шинос шуд. Ҷавон Сафар ном дошту то ҳол оиладор нашуда буд, вале ба ҳусну љамоли Амира шайдо шуда, ба нею нестони волидайнаш нигоҳ накарда, ба ӯ хонадор шуд. Аҳли деҳа ҳайрон буданд, ки чӣ гуна бачаи хона зани шавҳардидаро хуш кардааст. Мардум ҳар гуна ақида доштанд, яке мегуфт, ки давлату сарвати Қамарбой љавонро саргум кардаасту дигарӣ Амираро барои дилёбияш ҳасанот мегуфтанд. Қамар барои домодаш низ мошини хориљии зебо тақдим намуда, ӯро дар корхонааш ба кор гирифт, оҳиста-оҳиста падару модари Сафар низ ба хонаи писарашон омада мерафтанд. Амираю Сафар соҳиби писараки зебое шуданду зиндагияшон низ ширин мегузашт. Сафар ҳељ гоҳ аз занаш дар бори ҳаёти гузаштааш саволе намедод, зеро ин бонуи зебою қашангро аз љонаш зиёдтар дӯст медошт. Ба шарафи ишқи Амира ӯ дар љавонӣ соҳиби хонаю дар, мошину сарвату боигарӣ, обрӯ буда аз чизе танқисӣ намекашид, боз ба волидонаш низ кӯмак мекард, вале…

                                  Тарпоча

Болотар аз хонаи Амира баландие буд. Як рӯз ба он љо техникаҳои пуриқтидор омада, заминашро ҳамвор кардан гирифтанд. Баъдтар маълум шуд, ки тољири шаҳрие барои истироҳаташ ин порчаи заминро харидорӣ намуда, он љо бӯстонсаро месозад. Сохтмончиён дар як муддати кӯтоҳ дар ин мавзеъ хонаи зебоеро сохтанд. Соҳиби он марди қоматбаланди чорпаҳлӯ гоҳ-гоҳе омада, як-ду рӯз он љо монда, ниҳолҳояшро об медоду мерафт. Амира аз рӯзи аввали вохӯрӣ ба ҳамсояи нав чашм монд, хусусан қомати баланди мард ба ӯ хеле маъқул буд. Як рӯз, ки шавҳараш ҳамроҳи падараш ба пойтахт рафта буд, Амира бо баҳонаи мошинам вайрон шудааст, ҳамсояи навро ба хона љеғ зад. Салим хуб мефаҳмид, ки ҳамсояааш чӣ мехоҳад, зеро дуру дароз ба ӯ нигоҳ кардани Амираро кайҳо пайхас карда буд. Он рӯз Амира махсус кабоби дегӣ тайёр карда, худашро оростаю пероста карда, «Усто»-ро љеғ зад ва ӯро сари дастурхон хонд. Ҳамон шабро Салим дар оғӯши Амира рӯз карда, дигар аз вай дил канда натавонист.

Аакнун онҳо зуд-зуд ба ҳам вомехӯрданд. Салим ду зан дошта бошад ҳам, сарашро дар санг зада, вақт ёфта ба деҳа ба назди ҳамсояи хушоғӯшаш меомад. Амираи тардоман ба рӯи меҳрубониҳои Сафар хати батлон кашида, шабҳоро дар оғӯши ошиқаш рӯз менамуд.

Дар урфият мегӯянд, ки ҳаромию дуздӣ пинҳон намемонад ва як шаб мошини Сафар дар роҳ вайрон шуду ӯ пойтахт нарафта, аз роҳ баргашт ва занашро дар бистари хобаш бо Салим дошт. Љавони аз дидани ин манзараи нанговар девона шуда ба хусураш занг зад, Қамарбой ҳамроҳи писари калонияш ба хонаи духтараш омада, асли воқеаро аз забони домодаш шунида, ба љойи сарзаниш намудани духтарашон, ба Сафар рӯй оварда гуфт:

- Ту сағираи бесоҳиб боз забон баровардаӣ?! Калиди мошинро оварда ин љо мону аз хона баромада, дафъ шав!

Қамарбой худи ҳамон шаб Салимро љеғ зада, худаш бо як коса об духтарашро никоҳ карда, ба ӯ дод ва калиди мошинро низ чун тӯҳфа ба ӯ бахшид. Ҳоло бойдухтари тардоман зани сеюми Салими тољир аст ва Худо медонад, ки ин шавҳардорияш чӣ қадар давом мекунад?

                                                                                         Ҳилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД