arzon replenishment
Бойдухтарро гирифта, ғулом шудам
04.06.2023
ОИЛА
1836

Аксари ҷавонон орзу мекунанд, ки аз оилаи сарватманд зан гиранд, вале ман бо бойдухтар хонадор шуда,аз карда сад бор пушаймонам. Ҳафт пушти ҳамсари ман бою бадавлат омадаанд, танҳо падараш не, бобову бобокалонҳояш низ сарватманд буданд. Мо ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем.

Росташро гӯям, аввал падару модарам розӣ набуданд, вале мани ошиқи шайдо ду поямро дар як мӯза андохта: «Хоҳед-нахоҳед Манижаро мегирам» гӯён, онҳоро маҷбур кардам, ки хостгорӣ раванд. Тарафи духтар аввал камтар нозу нуз карда бошанд ҳам, баъд розӣ шуданд ва Манижаро бо тӯю тамошо ба ман ба занӣ доданд. Кошкӣ розӣ намешуданду мани камбағал ба ин рӯзҳои сиёҳ гирифтор намешудам!
Хулоса, арӯси сарватманд бо як мошин ҷиҳоз ба хонаи мо омада, ба гардани ҳамаамон савор шуда гирифт.

Падарам барои гузаронидани тӯй аз бонк қарз гирфта буд ва баъди тӯй ман хостам ба Русия рафта, кор кунаму қарзҳоро канам, вале арӯсам гиряву ноларо бардошт, ки наравед.

«Пул даркор бошад, аз падарам гирифта медиҳам, вале ҳеҷ куҷо намеравед» гӯён, худро ба девонагӣ мезад. Ҳарчанд ба ӯ ба хубӣ мефаҳмондам, ки ман як умр дар пеши ягон кас сар хам накардаам, аз падари ту ҳам муттаҳам будан намехоҳам, ба гапам гӯш накарда, азман пинҳонӣ аз падараш пул гирифта ба падарам додааст, ки бурда қарзатонро диҳед. Волидонам барои ин кораш аз Манижа аз замин то осмон миннатдор шуда, келинашонро тори сар мекардагӣ шуданд.

Эркакуниҳо хусуру хушдоманашро дида, арӯс тамоман аз худ рафт. Рӯзи дароз дасташро ба оби хунук назада, ба хоҳаронам фармон медиҳад, ки ин корро кунеду он корро кунед. Рафтори занам ғаши маро меорад, вале модарам “ҳеҷ гап не, мон хоҳаронат кору бори хонаро ёд мегиранд, пагоҳ, ки шавҳар карданд, азоб намекашанд” гӯён, намегузорад, ки пишаки занамро пишт гӯям. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, падаризанам бо зангҳои беҳудааш ба дилам задааст.

“Деворҳои ҳавлиро рангу бор кардан даркор, полезро чобуқ кардан лозим, меваҳои боғ пухтаанд, домод мевачинӣ биёед...” гӯён, маро мудом кор фармуданаш ба асабам бисёр сахт мерасад, вале лаб зери дандон гирифта, ночор ба хонааш мераваму кӯмак мекунам, то нагӯяд, ки ин бача кӯрнамак будааст ва тамоман одамгарӣ надорад.

Бовар кунед, ба андозае қимоб шудаам, ки рақамҳои хусурамро дар экрани телефон бинам, аллергия мешавам. Ҷонам ба лабам расидааст. Чанд бор ба занам гуфтам, ки ман ғуломи зархариди падару модари ту нестам, гӯй, ки дигар занг зада сари маро гаранг накунад, вале бидиррос зада мегӯяд, ки падарам ба шумо ҳамин қадар некӣ мекунаду шумо бошед, барои дупула кор нозу бозор мекунед. Ҷӯраҳоям маро масхара мекунанд, ки бойдухтарро ба занӣ гирифта, хизматгори даргоҳи хусур шуда мондаӣ.

Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи тавр ба хусуру хушдоманам фаҳмонам, ки ман барояшон домодам, на ғуломи ҳалқабургӯши онҳо?

С. Ҷ аз ш. Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-06-04, 23:14
Бародар ин кор гуломи нест 4 пир 4 такбир гуфтаанд.ба хусуру хушдомана кор кардан савобаст онхо чигаргушаашонро ба ту додаанд.камтар андеша карда гап зан рузе мешавад кт боз хубихоятро 100 баробар мегардонанд.ба гапи рафикони хасадхурат гуш накун.рохат нишон медиханду туша не.
Посух
Мухлис 2023-06-06, 15:04
Чаро шархоро наменависед ба идораи оила гуфта истодаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-06-04, 23:14
Бародар ин кор гуломи нест 4 пир 4 такбир гуфтаанд.ба хусуру хушдомана кор кардан савобаст онхо чигаргушаашонро ба ту додаанд.камтар андеша карда гап зан рузе мешавад кт боз хубихоятро 100 баробар мегардонанд.ба гапи рафикони хасадхурат гуш накун.рохат нишон медиханду туша не.
Посух
Мухлис 2023-06-06, 15:04
Чаро шархоро наменависед ба идораи оила гуфта истодаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД