arzon replenishment
Боз як донишманди тоҷик даргузашт
435

Субҳи имрӯз қалби нависанда, публитсист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишманди маъруфи тоҷик Зафар Мирзоён аз таппидан бозмонд.

Зафар Мирзоён ба сифати мушовири ректор оид ба робита бо ҷомеа дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифои вазифа намуда, яке аз чеҳраҳои шинохтаи илм ва фарҳанги тоҷик ба шумор мерафт.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ба сомонаи "Оila" гуфт, марҳум вақтҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид. Ӯ соли 2011 ҷарроҳиро аз сар гузаронида буд. Баъди ин амалиёт саломатиаш хуб буда, фаъолияташро идома медод, аммо вақтҳои охир бемориаш дубора хуруҷ намуд.

“Охирон маротиба рӯзи 26-уми май суҳбат карда будем”, - гуфт Раҳмон Дилшод зимни суҳбат бо "Оila".

Зафар Мирзоён 5-уми майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар хонадони хизматчӣ таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳия факултаи шарқшиносӣ (1972) ва баъдан факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намуд.

Ӯ солҳои 1970-1971 ва 1986-1989 дар Афғонистон ба сифати тарҷумон кор карда, баъдан ба сифати мудири шуъбаи идеологии Комитети партиявии ноҳияи Ховалинг фаъолият дошт. Солҳои 1991-2003 раиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Митра» ва солҳои 2003-2007 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Зафар Мирзоён аз ҷумлаи шоҳномашиносони шинохтаи кишвар ба шумор рафта, муддати 10 сол дар Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ намудаст. Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯён перомуни мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарс мегуфт.

Марҳум дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба табъ расонидааст. Андешаҳои ин марди хирад дар 3 китоб бо унвонҳои «Ҷашни Наврӯз - омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба табъ расидаанд.

Зафар Мирзоён раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» буд.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи "Оila" аз даргузашти ин марди фозилу хирадманд андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. Бизор рӯҳи поки марҳум ҳамеша маскуни биҳишти ҷовидон бошад. Ёдашон ба хайр бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД