sebiston july new
Боз як мавриди озори зан ошкор шуд
327

Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ки змни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соли 2014 бо моддаи 373 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 25-уми июли соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, бинобар сабаби нофаҳмиҳои ба миён омада, дар хонаи истиқоматии ҳамсараш, ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корд ба аъзои бадани ҳаётан муҳими ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир азияти занҳо аз ҷониби ҳамсарон афзуда, дар бештари маврид шавҳарон занҳои худро бо корд ҷазо медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД