Arzon march 2024
Боз як модари муштзӯр дастгир шуд
1009

“Ду минуте, ки ма набудам, и чӣ ҳолу аҳволи сару даҳанай а? Бвота бкша, о бвота бкша, бвота бкша. Бвот тамошо куна, инаита мекшмт, инаита зистанакат мекнм, хиёл мекунам кури Нуриддина футбол дорам... хиёле менм кури Нуриддина лат дорм...хиёл менм бвои ҳарромита лат дорам... Чида ғам метии а, чушмота кур менм, чашмота кур менм... бвота бкша Парвардигор ....”

Бо ин суханҳо мавриди лату кӯб қарор ёфтани духтарчаи тақрибан якунимсолае сабт шудааст, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро ба бор овард.

Дар навор дида мешавад, ки зан бо химча духтарчаро мезанаду бо лаҳни тунд суханҳои қабеҳ мегӯяд. Маълум аст, ки ба хотири ғазаб ё қасосгирӣ аз шавҳар кӯдаки масъумро дар сару рӯю бадан ва дастонаш мезанад. Кӯдак ба хотири аз ин ваҳшоният раҳо шудан тоб мехӯрад, вале ин модари бераҳм ӯро думболагир шуда, ҳатто ба чашмони кӯдак бо химча мезанад.

Баъди сару садоҳои зиёди корбарони шакбакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Маълум гашт, ки ин нафар Хоҳарвӣ Нуроваи 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нуридинзода Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро лату кӯб намудааст.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки сабаби даст ба чунин ҳолат задани зан дар чист, вале вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тайи чанд моҳи охир ҳолати гӯё қассосгирии занон аз кӯдакони ноболиғ дар ҷомеаи мо зиёд шудааст. Чанд рӯз пеш як зани дигар, ки писари хурдсолашро шиканҷа мекард, аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қубодиён боздошт гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД