arzon replenishment
Боз як заминларза дар Тоҷикистон
1000

Субҳи имрӯз, соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод, ки маркази он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Дар ин бора аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

"Қувваи заминларза дар маркази он аз рӯи ҷадвали дувоздаҳ баллӣ 3-4 баллро ташкил дод", - афзуд манбаъ.

Маркази заминларза дар 370 километрии ҷанубу ғарби Душанбе ва 46 километрии кӯли Сарез дар чуқурии 10 километр воқеъ будааст. Дар Мурғоб заминларза бо қувваи 2 балл эҳсос шудааст.

ҲАМЧУНИН ХОНЕД:

ДАР ВМКБ БОЗ ОФАТИ ТАБИӢ РУХ ДОД

Қаблан, субҳи 22 ва 23-юми феврал низ мунтазам 5 заминларза Тоҷикистонро такон дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД