Arzon march 2024
Боз як заводи равған кушода шуд, нархи равған арзон мешавад?
865

 Баланд рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт вақтҳои охир боиси норозигии аҳолӣ гаштааст.

Азбаски хонаводаҳои тоҷик аксаран серфарзанд ҳастанд, мардумро махсусан ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нархи орду равған ба ташвиш овардааст. Савдогарон сабаби боло рафтани арзиши ин навъи маҳсулотро дар бо қимати баланд ворид гаштани орду равған аз хориҷи кишвар маънидод менамоянд.

Дар Тоҷикистон боз як заводи нави равған кушода шуд. Бо кушодашавии корхонаи нави равғанбарорӣ нархи равған дар бозори дохилӣ паст мешавад?

Ба хотири дастгирии иқтисодии аҳолии минтақаҳои назди сарҳадӣ, хусусан сокинони ноҳияҳое, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, дар доираи лоиҳаи LITAC дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон корхонаи нави истеҳсоли равған ба фаъолият шурӯъ намуд.

Коргоҳи мазкур бо дастгирии Барномаи озуқавории СММ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷопон бунёд ёфта, дар як шабонарӯз беш аз 500 литр равғани пахта ва равғани офтобпараст истеҳсол менамояд. Корхонаи нав ба ғайр аз ин, аз пасмондаҳои саноатӣ (отход) собуни ҷомашӯӣ мебарорад.

Бо кушодашавии коргоҳи нав 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд, ки 5 нафарашон занон мебошанд. Дар радифи ин, ҳамзамон барои анҷом додани корҳои мавсимӣ беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Роҳбарияти корхона тасмим доранд, ки минбаъд доираи фаъолияти коргоҳро боз ҳам васеътар намуда, барои беҳтар шудани сифати маҳсулот бо тамоми ҷидду ҷаҳд талош намоянд.

Ҳангоми боздид аз корхонаи нави равғанбарорӣ раиси шаҳри Бохтар С. Саломзода қад намуд, ки бунёди чунин коргоҳҳо ба манфиат буда, дар рушди иқтисодии Тоҷикистон, хоса дар бахши хоҷагии қишлоқ саҳми арзанда дорад.

Муовини раиси Вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода ин андешаро ҷонибдорӣ намуда, ба роҳбарияти Барномаи озуқавории СММ ва ҳукумати Ҷопон барои саҳми босазояшон дар бунёди ин коргоҳ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Тавре ки роҳбари лоиҳа Зиёдали Ашурматов қайд кард,корхона бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақа, ки бо парвариши пахта машғуланд, ҷиҳати таъмини завод бо маҳсулоти хом қарордод ба имзо расонида, чунин ҳамкориҳо ба рушди иқтисодии натанҳо ноҳияи Дӯстӣ, балки Вилояти Хатлон низ мусоидат менамоянд.

Умедворем, ки бо бунёди чунин корхонаҳо арзиши маҳсулот, хоса нархи равған, ки аз зумраи маҳсулоти ниёзи аввал мебошад, дар бозорҳои кишвар нисбатан паст шуда, мардум бо нархи дастрас онро ба даст меоранд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД