Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 3 марди сокини ноҳияи Қубодиёнро бо гумони дуздии говҳои сокинони ин ноҳия боздошт кардааст.
Гуфта мешавад, ки Валиҷон Тураев, Маҳмудҷон Аҳмадзода ва Сироҷиддин Тоҷиддинов дар 5 ҳолат ба рабудани говҳои сокинон даст доранд.
«Боздоштшудаҳо говҳоро фурӯхта, пули бадастомадаро байни ҳам тақсим мекардаанд. Гумонбарон 130 ҳазор сомонӣ ба соҳибони чорво зарар расонидаанд»,- навиштааст манбаъ.
Мақомот нисбати ин нафарон бо иттиҳоми “дуздӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” (моддаи 244 КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин иттиҳом аз 8 то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.