goodwell
Боздошти ҷавоне дар Душанбе бо гумони дуздии телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ
70

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 19-солаеро бо гумони дуздии телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора полиси Душанбе рӯзи 11-уми август хабар додааст.

Мақомот аз ҷавон Саидов Муҳаммад, соли таваллудаш 2007 ном бурдааст, ки дар гузашта бо гумони дуздӣ суд шудааст. Ба иттилои мақомот, номбурда дар содир намудани якчанд далели ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад. “Аз ҷумла, санаи 3-юми август ба мағозаи «Соҳил», воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ ворид шуда, аз он ҷо як адад телефони мобилӣ ва маблағҳои пулии соҳибмулкро рабудааст”,- менависанд манбаъ

Гумонбаршуда ҳоло дар боздошт қарор дошта, нисбаташ маводҳои зарурӣ тартиб дода шудаанд.

Камолиддин ҲАННОНӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД