Боздошти ҷавони 17-сола
барои фиреби иҷоранишинҳо
Кормандони милитсия як ҷавони 17-соларо бо гумони қаллобӣ боздошт намуданд. Ноболиғ Умаров У дар фиреб додани шахсоне, ки хонаи иҷора меҷӯянд, гумонбар дониста мешавад.
Бино бар иттилоъи Раёсати ВКД дар Душанбе ноболиғ Умаров аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар пайи шикояти шаҳрвандон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» якчанд саҳифа кушода, бо нашр намудани эълонҳои бардурӯғ дар бораи ба иҷора додани манзили истиқоматӣ, аз одамон маблағҳои гуногуни пулӣ гирифта, онҳоро фиреб медодааст.
Айни замон вобаста ба кирдорҳои қаллобонаи гумонбаршаванда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.