Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 18-солаи шаҳри Норак Ҳайдаров Мансурро бо гумони содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ ва ғайриқонунӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, зимни санҷиши пешакӣ муайян шудааст, ки Ҳайдаров қаблан барои дуздӣ ва рабудани воситаи нақлиёт суд шудааст. Баъди озод шудан аз маҳбас, ӯ дубора ба содир намудани чунин ҷиноятҳо машғул шудааст.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ то имрӯз 10 ҳолати дуздӣ ва 2 ҳолати ғайриқонунӣ идора кардани воситаи нақлиёт ошкор гардида, нисбат ба онҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад.