Боздошти фолбинзане, ки гӯё тақдири инсонро аз кафи дасташ мехондааст
128

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шакли нави фолбиниро ошкор намудаанд. Онҳо занеро боздошт кардаанд, ки гӯё тақдири инсонро аз кафи дасташ мехондааст.

“Шаҳрванд Давлатова Марҷона, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе бо ламс намудани кафи даст гӯё ояндаи инсонро муайян намуда, ба шаҳрвандон хушбахтӣ меовардааст”,- навиштааст РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки ин зан худро ба шаҳрвандон ҳамчун шахси дорои маҳорати фавқулода муаррифӣ намуда, бо анҷом додани амалҳои фолбинӣ маблағ ба даст оварда, онро ба манфиати шахсии худ истифода мебурдааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатова М. тибқи моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст, ки тақрибан 6240 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД