Кормандони милитсия як марди 46-солаи сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки қаблан барои дуздӣ суд шуда будааст, ин дафъа бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсараш боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои ВКД, санаи 5-уми декабр байни боздоштшуда ва занаш баҳсу мунозира сар зада, дар рафти моҷарои хонаводагӣ мард ҳамсари 46-солаашро зери мушту лагад гирифта, бо дасту пойҳо ва калтакчӯб мавриди латукӯб қарор додааст. Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар хонаашон ҷон бохтааст.
Алайҳи марди золим бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванди ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.