Arzon march 2024
Боздошти марде бо гумони анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакон
770

Кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мардеро дастгир кардаанд, ки дар анҷом додани ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо кӯдакон гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.

Низом Ҳакимови 52-сола аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар анҷом додани амалҳои хислати зӯроварии шаҳвонӣ дошта бо кӯдакон боздошт шудааст.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва санҷиши сабтҳои камераҳои назоратӣ, даст доштани боздоштшуда дар се ҳолати чунин кирдорҳо собит гашта, нисбати Ҳокимов Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД