arzon replenishment
Боздошти марде, ки занашро 3 корд задааст
377

Кормандони шуъбаи милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мардеро боздошт намудаанд, ки бо мақсади ба қатл расонидан собиқ ҳамсарашро 3 корд задааст.

Тавре дар хабар омадааст, Мубориз Ёрови 28-сола, ки қаблан суд шудааст, рӯзи 23-юми апрели соли равон бо собиқ ҳамсараш баҳсу мунозира намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани зан бо корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими зани 38-солааш Зарипова Г. се зарба зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Зан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона афтода, мард аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.

Айни замон Мубориз Ёров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД