goodwell
Боздошти раҳбари ширкати сохтмонии «Рахмон 2016» бо гумони қаллобии 4 млн сомонӣ
20.10.2026
Оила
82

Боздошти раҳбари ширкати сохтмонӣ бо гумони қаллобии 4 млн сомонӣ

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти раҳбари ширкати сохтмонии «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки ӯ бо ваъдаи таъмин кардани шаҳрвандон бо манзили истиқоматӣ маблағҳои онҳоро гирифта, ба онҳо беш аз 4 миллион сомонӣ зарар расондааст.

Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, гумонбар Рустам Азимзодаи 46-сола, сокини пойтахт мебошад. Ӯ, ба гуфтаи мақомот, маблағҳои аз шаҳрвандон гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати Азимзода бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, тибқи қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД