goodwell
Боздошти ронанда барои ба фасодхона табдил додани маршруткаи №46
10.08.2026
Оила
60

Боздошти ронанда барои ба фасодхона табдил додани маршруткаи №46

Изатуллоев Акмал, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ШВКД-2 ноҳияи Сино бо гумони ташкил кардани фасодхона дар маршруткаи №46 боздошт шудааст.

“Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда муддатест воситаи нақлиёти шахсии худ, тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатии 4509ТТ09-ро бо мақсади истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фасодхона табдил додааст. Номбурда дар дохили воситаи нақлиёт шароит фароҳам оварда, ҳамроҳи рафиқонаш ба истеъмоли моддаҳои психотропии «Метамфетамин» ва «Ҳашиш» машғул гардидаанд,”-омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки зимни кофтуков аз дохили воситаи нақлиёт як миқдор воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин» ва «Ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Ин ҳодиса айни замон мавриди санҷиши кормандони мақомоти марбута қарор дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД