Боздошти се ноболиғ бо гумони содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ
14.10.2025
Oila.tj
195

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино се нафар ноболиғон дастгир карда шудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки ноболиғон Ғоибов И., Кабиров Р. ва Хайриддинов П. бо маслиҳати пешакӣ силсилаи ҷиноятҳои роҳзаниро содир намудаанд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Н. Махсум ноболиғ Собиров Х.-ро мавриди латукӯб қарор дода, бо истифода аз корд таҳдид намуда, як адад телефони мобилии номбурдаро рабудаанд. Айни замон се далели ҷиноятҳои роҳзании гумонбарон ошкор карда шудаанд.

Вобаста ба ин, нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикситон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД