Боздошти сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ
165

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Набиев Исломҷонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир намудаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки номбурда бо мақсади фиреби шаҳрвандон, дар сомонаи Сомон.тҷ эълони бардурӯғи фурӯши телефонҳои мобилии гуногунтамғаро бо нархи нисбатан арзон нашр намуда, ҳамчун пешпардохт аз шумораи зиёди шаҳрвандон маблағҳои гуногун гирифтааст. Танҳо дар 10 ҳолати айни замон ба қайд гирифташуда зарари ба шаҳрвандон расонидаи гумонбаршаванда беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати Набиев И. тибқи талаботи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби Набиев И. қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992)018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД