goodwell
Боздошти як духтури дандон бо гумони фиристодани маводҳои порнографӣ ба занҳо
118

Кормандони милитсия як духтури дандонро бо гумони паҳн кардани маводҳои порнографӣ боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Бердӣ Бекмуродов соҳиби як клиникаи хусусии дандонпизишкӣ дар шаҳри Душанбе буда, бо занони муроҷиаткунанда шиносоӣ пайдо карда, баъдан тавассути WhatsApp ба онҳо аксу наворҳои дорои хусусияти порнографӣ мефиристодааст.

Ҳангоми санҷиш аз телефони мобилии боздоштшуда миқдори зиёди чунин маводҳо дарёфт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки айни замон нисбати Бекмуродов парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД