Кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт як марди 58-соларо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати писарбачаи ноболиғ дастгир намудаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Гурезов Сафаралӣ, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми августи соли равон ҳангоми дар кӯчаи 40-солагии Ғалаба қарор доштанаш дар ҳолати мастӣ нисбати як нафар писарбачаи 14-сола ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Айни ҳол Гурезов С. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 142-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.